Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Сар бибозам ба сарафрохтагон,

Сар бибозам ба сарафрохтагон, Ошиқам бо дили дилбохтагон; Ошиқи ҷумлаи оташбозон – Умрҳо сӯхтаву сохтагон. Ошиқи он ҳама беханҷару теғ Хуб шамшери сухан охтагон. Ошиқи он ҳама андар раҳи умр Қадри мардонагӣ бишнохтагон. Ошиқи ҷумла пиёда зи ҳама Як қадам пештарак тохтагон.