Ба васфат достон дорад дили ман,
Ба васфат достон дорад дили ман,
Ба меҳрат посбон дорад дили ман.
Гар аз некии ту мардум бипурсанд,
Ҳазору як забон дорад дили ман.
Сари сабзат зи ишқат сабзтар шуд,
Баҳори бехазон дорад дили ман.
Бидидам акси худро ман ба чашмат,
Ҷаҳоне дар ҷаҳон дорад дили ман.
Чунон хуршед ҷуз як раҳ напӯяд,
Фидоят нақди ҷон дорад дили ман.
Ҷавонӣ дода, меҳратро гирифтам,
Дар ин дунё нишон дорад дили ман.