Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Як нафас бо хеш будан зиндагист,

Як нафас бо хеш будан зиндагист, Байни нӯшу неш будан зиндагист. Дар ҷаҳони орзуҳои наҷиб Аз саворон пеш будан зиндагист. Оқили девонаву ҳушёри маст – Яъне пурташвиш будан зиндагист. Дар миёни ин ҳама бешу камӣ, Аз камиҳо беш будан зиндагист. Аз сабукборони соҳил дуртар – Яъне дурандеш будан зиндагист.