Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Чу марди роҳаму раҳдон, ба манзил

Чу марди роҳаму раҳдон, ба манзил мерасам рӯзе, Аз ин дунёи пуртӯфон ба соҳил мерасам рӯзе. Басо дидам, ки дар хуне намонда заррае ғайрат, Ба қадри ҳиммати мардони оқил мерасам рӯзе. Чу аз ҷанҷоли мову ман бурун оям тани сиҳҳат, Ба имдоди касони пойдаргил мерасам рӯзе. Дарахти орзуи ман кашида шох то гардун, Заминро саҷда меорам, ба ҳосил мерасам рӯзе. Дили ман дар талоши роҳи дилҳо суда ҳам гардад, Зи ғафлат мераҳам рӯзе, ба он дил мерасам рӯзе.