Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дӯстро бо тӯҳмати бегона меёбем мо,

Дӯстро бо тӯҳмати бегона меёбем мо, Хирмани дуздидаро аз дона меёбем мо. Нақши бӯса дар лабе худ мӯҳри умри ҷовид аст, Аз ҳақиқат ин қадар афсона меёбем мо. Зиндагӣ бисёр бо мо номуросо будааст, Интиқомаш аз маю паймона меёбем мо. Нолаи мо бар дили ёре агар вогир нест, Дар дили шаб наъраи мастона меёбем мо. Дар ҷаҳони ошиқӣ азбаски худгумкардаем, Ҳар қадар ҷӯем ҳам, худро намеёбем мо...