Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Бо мусҳафи рухсори ту хурдем қасамро,
Бо мусҳафи рухсори ту хурдем қасамро, Ҷуз мадди хаёлат накашам ҳеч рақамро. Ҷон дар пайи савдои ту аз хеш чунон рафт, Мушкил ки қиёмат барадаш хоби адамро.
Эй дил, нафсе аз ҳаваси хеш бурун о,
Эй дил, нафсе аз ҳаваси хеш бурун о, То монда нагардӣ, қадаме пеш бурун о. Чандон ки давидӣ, ба муроде нарасидӣ, Ҳиҷрат талаб, аз ваҳми бадандеш бурун о.
То ба кай созам тасаллӣ хотири ношодро,
То ба кай созам тасаллӣ хотири ношодро, З-оташи дил нола мехезад найи фарёдро. Хоки мо з-афсурдагиҳо қобили таъмир нест, Хона барбод аст охир мулки бебунёдро.
Арза расон, сабо, зи мо он маҳи гулъизорро,
Арза расон, сабо, зи мо он маҳи гулъизорро, Гӯ, ки ба ёд оварад мардуми дилфигорро. Аз чи гул аст хандавар, ғунча расида пардадар, Кист, ки мекунад саҳар як наз
Шуд чаман бишкуфта, эй шӯхи чаманоро, биё,
Шуд чаман бишкуфта, эй шӯхи чаманоро, биё, Меравад вақти тамошо, ҷилва сар то по, биё. Гул нигаҳ во кардаасту ғунча дар хун хуфтааст, Аз барои як назар бархезу
Гар ба ин шӯр аст ашки дидаи гирёни мо,
Гар ба ин шӯр аст ашки дидаи гирёни мо, Оламе дар об хоҳад рафт аз тӯфони мо. Ҳеч асрори азал маълуми Тӯри мо нашуд, Фикри мо гумроҳи мову ақли мо ҳайрони мо.
Эй дар хаёли рӯйи ту пурдоғ синаҳо,
Эй дар хаёли рӯйи ту пурдоғ синаҳо, Дар дил ниҳон зи оташи шавқат дафинаҳо. Бар кӯҳ агар ҳикояти ишқи ту бигзарад, Ҳайрат кашад зи домани санг обгинаҳо.
Эй номи ту ҳаловати ҷону забони мо,
Эй номи ту ҳаловати ҷону забони мо, Ширин бувад зи лаззати шаккар даҳони мо. Вомондагони ҷодаи дашти залолатем, Эй раҳнамо, ҳидояте бар корвони мо.
Эй ақлҳо зи ҳайрати дарки камоли ту
Эй ақлҳо зи ҳайрати дарки камоли ту Бишкаста бол дар раҳи фикру хаёли ту. Бас танг ҷост вусъати майдони коинот Дар пешгоҳи соҳати қудси ҷалоли ту.