Шеърҳо бо теги: зебогӣ
Шеърҳои марбут ба теги «зебогӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Пурсидам аз ӯ воситаи ҳиҷронро,
Пурсидам аз ӯ воситаи ҳиҷронро, Гуфто: Сабабе ҳаст, бигӯям онро. Ман чашми туам, агар набинӣ, чӣ аҷаб, Ман ҷони туам, касе набинад ҷонро.
Он ришта, ки қуввати равон аст маро,
Он ришта, ки қуввати равон аст маро, Оромиши ҷони нотавон аст маро Бар лаб чу кашӣ, ҷон кашадам аз паи он, Пайванд чу бо риштаи ҷон аст маро.
То дард расид чашми хунхори туро,
То дард расид чашми хунхори туро, Хоҳам, ки кашад ҷони ман озори туро. Ё раб, ки зи чашм захми даврон ҳаргиз Дарде нарасад наргиси бемори туро.
Гуфтам: Санамо, лоларухо, дилдоро,
Гуфтам: Санамо, лоларухо, дилдоро, Дар хоб намой чеҳра боре, ёро. Гуфто, ки равӣ ба хоб бе мо в-он гаҳ Хоҳӣ, ки дигар ба хоб бинӣ моро?
МАРҲАБО
Духтари ӯзбек, моро гӯш кун! Дигаронро андаке хомӯш кун. Гӯш кун! Гапҳои мо беҳуда нест, Ин садоҳои дили осуда нест.
БА ДИЛБАР
Эй духтари нозанини қадрас, Зебанда туро либоси атлас. Ҷононаи ман фақат туӣ бас, Парво накунам зи ғайбати кас,
Навруз падид омад
Товуси баҳор омад бар боғи ҷаҳон имрӯз, З-он дида набардоранд ҳар пиру ҷавон имрӯз. Наврӯз падид омад бо нағмаи растохез, Ба сабзаву гул руяд аз гӯри хазон имрӯ
Наврӯз муборак бод
НАВРӮЗ МУБОРАК БОД Солшуморимон дигар, Шуд шабу рӯз баробар. Наврӯз шуд бародар,
Духтари тоҷик
Ҳам модару ҳам хоҳару ҳам дилбари ҷон, Ҳам модару ҳам хоҳару ҳам дилбари ҷонед, Огоҳдил аз бахти хушу ишқи ҷавонед, Озодатарин зан ба ҳама рӯи ҷаҳонед,
Зебоиро на сафеду пусти сиёҳ бошад
Зебоиро на сафеду пусти сиёҳ бошад, Зебоиро адаб чу хулқи Мустафо бошад. Кафан сафед бувад, вале-к даҳшат, Магар Каъба сияҳ нест, ки хушсурат.
То ба чашмат шуда дар ноз баробар наргис
То ба чашмат шуда дар ноз баробар наргис, Нозанинои чамнрост назар бар наргис. Гар ба мастона ду чашмат кунам ӯро нисбат Кунад аз гиряи шодӣ мижаҳо тар наргис.
Хандае зад лаби ту бар мани гирён, ки мапурс
Хандае зад лаби ту бар мани гирён, ки мапурс, Шокирам аз лаби хандони ту чандон, ки мапурс. Ёди он рӯз, ки сирри даҳанат пурсидам, Лаб гирифтӣ зи сари ноз ба да
Гиряи талхи ман аз хандаи он лаб нигаред
Гиряи талхи ман аз хандаи он лаб нигаред, Ташналаб мурдани ман з-он чаҳи ғабғаб нигаред! Ашкам аз акси лабаш бодасифат рангин шуд, Соғари чашмам аз бода лаболаб
Биё эй дил, даме ёди ватан кун
Биё эй дил, даме ёди ватан кун, Чу қумрӣ нола бар сарви чаман кун. Худоро парда аз рухсор бардор, Зи шамъи ҳусн равшан анҷуман кун.
Офтоби ҳусн ҳар ҷо оташафшон мешавад
Офтоби ҳусн ҳар ҷо оташафшон мешавад, Соябонаш турраи зулфи парешон мешавад. Гар ба чашми тарбият бинад фурӯғи офтоб, Ҳар куҷо санге бувад, лаъли Бадахшон мешав
Лаъли ҷонбахшат, ки ёд аз оби ҳайвон медиҳад
Лаъли ҷонбахшат, ки ёд аз оби ҳайвон медиҳад, Зиндаро ҷон меситонад, мурдаро ҷон медиҳад. Дил магар побастаи зулфи ту шуд, к-аз холи ӯ Бод меояд, хабарҳои пареш
Ноз - оташ, ғамза - оташ, рӯи зебо оташ аст
Ноз - оташ, ғамза - оташ, рӯи зебо оташ аст, Булҳавас биншин, ки он бадхӯ саропо оташ аст. Хоҳ дар оташ бирав, парвона, хоҳӣ рав дар об, Аз саро мар ошиқонро то
Он ки дар ҳусн моҳи чорда буд
Он ки дар ҳусн моҳи чорда буд, Дӣ шунидам, ки бипайваст ба се.
Камон ба абруи ту хост то расад дар ҳусн,
Камон ба абруи ту хост то расад дар ҳусн, Бад-ин тасаввури каҷ қарнҳо дар пай кард.
Чу зулфи ту буд аз таксур дуто
Чу зулфи ту буд аз таксур дуто, Ба боде бияфтод мискин зи по. Кушудан зи зулфат гиреҳ мушкил аст, Дар ин шева мӯ мешикофад сабо.
Эй хаёли қоматат оҳи заифонро асо
Эй хаёли қоматат оҳи заифонро асо, Бар рухат наззораҳоро лағзиш аз ҷӯши сафо. Нашъаи сад хум шароб аз чашми мастат ғамзае, Хунбаҳои сад чаман аз ҷилваҳоят як ад
Он кони ҳусн буду набуд аз ҷаҳон нишон
Он кони ҳусн буду набуд аз ҷаҳон нишон, Ва-л-она ан арафта ало мо алайҳи кон. Аъдоди кавну касрати сурат намоиш аст, Ва-л-куллу воҳидин ятаҷаллӣ би кули шон.
Шабтоб
Дар зери сояравшани маҳтоби хобнок, Дар домани сукути шабе хаставу хамӯш, Оҳистагом, мегузарад шоире ба роҳ: Масту рамидаҳуш.
Маро бидиду напурсид он нигор чаро?!
Маро бидиду напурсид он нигор чаро?! Туруш-туруш бигузашт аз дарича ёр чаро?! Сабаб чӣ буд, чӣ кардам, ки бад намуд зи ман, Ки хотираш бигирифтаст ин ғубор чаро
Амири ҳусн, хандон кун ҳашамро
Амири ҳусн, хандон кун ҳашамро, Вуҷуде бахш мар муште адамро! Сиёҳӣ менамояд лашкари ғам, Зафар диҳ шодии соҳибаламро!
