Чу зулфи ту буд аз таксур дуто
Чу зулфи ту буд аз таксур дуто,
Ба боде бияфтод мискин зи по.
Кушудан зи зулфат гиреҳ мушкил аст,
Дар ин шева мӯ мешикофад сабо.
Бикаш домани ҳусн чун гул ба ноз,
Ки бар қадди ту дӯхтанд ин қабо.
Кас он хоки раҳ ҷуз ба мижгон нарӯфт,
Ба чашм аз пайи он равад тӯтиё.
Даҳони ту «мим» асту боло «алиф»,
Худо офарид ин ду аз баҳри мо.
Макун пеши ман зикри ҳалвои лаб,
Чу кардӣ, бикун раҳмате бар гадо.
Гадои дари мост, гуфтӣ, Камол,
Чунин аст шайъу-л-Лаҳ, эй подшо!