Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

МАРҲАБО

Духтари ӯзбек, моро гӯш кун! Дигаронро андаке хомӯш кун. Гӯш кун! Гапҳои мо беҳуда нест, Ин садоҳои дили осуда нест. Шавқи ту моро ба илҳон оварад, Рӯ ба сӯи Ӯзбекистон оварад. То сухан чун қомати мавзун шавад, Дар сари ҳар мисрае дил хун шавад. Кошкӣ, табъи равон медоштам, Рӯдакиқудрат забон медоштам – Менавиштам ҳусну алтофи туро, Рӯи некӯву дили софи туро. Ту магар он нестӣ, ки Шарқро Аз нигоҳи хеш кардӣ пурсафо? Шарқиён рӯи туро чун дидаанд, Гул зи боғи Ӯзбекистон чидаанд. Ҳар куҷо ки рафт гуфтугӯи ту, Ӯзбекистон буд дар паҳлӯи ту. Тоқии такдӯзии олампаноҳ, Куртаи шоҳию чашмони сиёҳ, Аз сари минбар сухангӯии ту, Хотири аҳли адабҷӯии ту… Сомеонатро ба ҷӯш андохтанд, Дил ба даст овардаву дил бохтанд. Ёд дорӣ, дар лаби дарёи Нил Мекашидӣ чун бари домони дил. Духтари мисрӣ туро табрик кард, Бо табассум хешро наздик кард. Дер чашмонро ба сӯят дӯхт ӯ, Аз нигоҳи ту сабақ омӯхт ӯ. Ӯзбекистон дар барат истода буд, Чун гулистону чаман озода буд. Акси рӯятро ба об андохтӣ, Моҳро аз Нил берун сохтӣ. Мавҷҳои Нил пуртуғён шуданд, Кафк бар лаб кардаву ҷӯшон шуданд. Мавҷ озод аст, аммо бурда ранҷ – Партизандухтар Ҷамила дар шиканҷ.