«МАН БО ДУХТАРЕ ВОХУРДАМ»
Суруди Саид
Дидам ҷамоле,
Абрӯҳилоле,
Дар зери чашмаш
Бинҳода холе.
Нақарот
Ақлам рабуд
Холи сиёҳ,
Дил пора кард
Теғи нигоҳ.
Гум кардам онро –
Рӯҳи равонро,
Дигар надидам
Номеҳрубонро.
Нақарот
Дар ҷустуҷӯяш
Оям ба кӯяш,
Чун булбули зор
Мастам ба бӯяш.
Нақарот
Дар субҳи тилоӣ
Дар субҳи тиллоӣ
Табиат хандон,
Дар дили ошиқ ҳам
Муҳаббат ҷӯшон.
Нақарот
Мурғи синаи ман
Нағмапардоз аст.
Дар ҳавои ҷонон
Баландпарвоз аст.
Ҳар кас дар ин ҷаҳон
Як ёре дорад.
Дар боғи дили худ
Баҳоре дорад.
Нақарот
Суруди ҷавонон
Мо насли нав,
Мо насли нави ҷаҳон,