БА МУОСИРИ БУЗУРГ
Владимир Маяковский!
Чӣ фахр аст ба мо,
Ки Шумо, шоири маҳбуб, муосир ҳастед.
Дар раҳи партияю манфиати халқ Шумо
Байрақи назм ба каф дошта шоир ҳастед.
Назм таърихи куҳан дораду таърихи аҷиб,
Олам анбошта аз шеъри қаламкашҳо шуд.
Хома дар дасти сухансанҷ, сухандӯст адиб
Ҳофизи дил шуду бо ҳукми дил он гӯё шуд.
Кам набуданд қаламдаст, суханҷаллобон,
Ки ба халқ аз гули худрӯй чаман сохтаанд.
Шарқро –
Шарқи пур аз ҷабру ситамро онон
Мисли як боғи дилоро ба сухан сохтаанд.
Назм аз табъи Шумо ёфт мақоми дигаре:
Найзаю бомбаю байроқи зафаровар шуд.
Гашт чун аскари мо монеи ҳар як хатаре,
Гарму тафсандатар аз кӯраи оҳангар шуд.
Шоирони Ватани мо,
ки зи ҳар қавму забон
Аз чунин сатр, чунин назм саф оростаанд.
Ҳама бо як дилу ҷон номи Шуморо ба ҷаҳон
Сару сардафтари ин санъати худ сохтаанд.