Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ҲАЗАР КУН!

Шунидӣ, дӯст, овози Глезос, Нидои тезпарвози Глезос?! Гирифт овози он рӯи ҷаҳонро, Ба по хезонд ҳар пиру ҷавонро. Маро ҳам ин садо дар ларза афканд, Ба дард омад тамоми банду пайванд. Гумон кардам, ки ҳар як кӯҳ ҷунбид, Замин ларзид, раъду барқ ғуррид. Хабар омад, ки Юнон дар азоб аст, Барои қатл қотил дар шитоб аст. Ду дасти паҳлавон занҷирбанд аст, Ба гардан ҳалқаи банду каманд аст. Зану фарзанд гирёнанд, гирён, Халоиқ синабирёнанд, бирён. Хабар омад, ки тайёр аст ҷаллод, Ҳаёти қаҳрамон дар хавф афтод. Шаби торик ҳам ториктар шуд, Хатар аз пештар ҳам бештар шуд. Вуҷуди халқ як кӯҳи ғазаб шуд, Наҷоти қаҳрамонро дар талаб шуд. Нидо аз ҳар канору гӯша хезад, Танаффур бар сари ҷаллод резад. Ҳама гӯянд: эй золим, ҳазар кун! Зи хунрезию бедодӣ гузар кун!