Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: андешавӣ

Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон
Ҳамаи шоирон803Умари Хайём77Камоли Хуҷандӣ68Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ56Абуалӣ ибни Сино48Абдураҳмони Ҷомӣ45Лоиқ Шералӣ44Зебуннисо Махфӣ43Саъдии Шерозӣ41Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ39Ҳофизи Шерозӣ39Собирова Нигора31Абӯсаиди Абулхайр29Бадриддин Ҳилолӣ22Шоири номаълум22Аскар Ҳаким17Абдулқодири Бедил15Гулчеҳра Сулаймонӣ14Низомии Ганҷавӣ12Абулқосим Лоҳутӣ10Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ9Камолиддин Биноӣ9Ғании Кашмирӣ9Абулқосими Фирдавсӣ8Розиқи Фонӣ7Мирзо Турсунзода5Муҳташами Кошонӣ5Носири Хусрав5Ҳушанги Соя5Садриддин Айнӣ4Толиби Омулӣ4Шавкати Бухороӣ4Амир Хусрави Деҳлавӣ3Гулрухсор Сафӣ3Мавлавӣ Ҷунунӣ3Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ3Саноии Ғазнавӣ3Фаридуддин Аттори Нишопурӣ3Халилуллоҳи Халилӣ3Абдуллоҳи Раҳнамо2Абубакри Абдурасул2Бозор Собир2Меҳровари Масчоҳӣ2Муъмин Қаноат2Низомиддин Убайди Зоконӣ2Толиб Озарахш2Эраҷ Мирзо2Эраҷ Шокирӣ2Юнусова Фаросатхон2Аниса Назарӣ1Асадии Тӯсӣ1Гулназар Келдӣ1Мир Саид Алии Ҳамадонӣ1Низом Қосим1Нимо Юшиҷ1Нуридинзода Аҳмадҷони Хамӯш1Олимов Низомиддин (Назмӣ)1Рашидии Самарқандӣ1Раҳмоналӣ Мирализода1Робиаи Балхӣ1Сайфуддини Исфарангӣ1Сармад1Шамси Табрезӣ1Шарифҷон Махдум Садри Зиё1Ҳусайн Воизи Кошифӣ1

Баски дар ҷони фигору чашми бедорам туӣ

👁 22

Баски дар ҷони фигору чашми бедорам туӣ, Ҳар кӣ пайдо мешавад аз дур, пиндорам туӣ. Он кӣ ҷон мебозаду сар дарнамеорӣ, манам, В-он кӣ хун мерезаду сар дарнамеор

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Инчунин хубу нозанин, ки туӣ

👁 25

Инчунин хубу нозанин, ки туӣ, Набувад ҳеҷ кас чунин, ки туӣ. Гар гулистони ҷаннатам бахшанд, Наравам з-он гули замин, ки туӣ.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳар дам ба дидаи дигаре хона мекунӣ

👁 36

Ҳар дам ба дидаи дигаре хона мекунӣ, Ҳамхонагӣ ба мардуми бегона мекунӣ. Дилро нишон ба зовияи ҳаҷр медиҳӣ, Девонаро мақом ба вайрона мекунӣ.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Зиҳӣ аз хатти сабзат тоза расми фитнаангезӣ

👁 24

Зиҳӣ аз хатти сабзат тоза расми фитнаангезӣ, Зи теғи ғамзаат нав дамбадам ойини хунрезӣ. Вазид аз кӯи ту боде, машоми ҷон муаттар шуд, Зи зулфат мефишонӣ гард ё

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Маро бас бар сари майдони ушшоқ ин сарафрозӣ

👁 35

Маро бас бар сари майдони ушшоқ ин сарафрозӣ, Ки рӯзе пеши чавгонат кунам чун гӯй сарбозӣ. Чу саҳро бар сари майдонат андозанд муштоқон, Ҳама тан сар шавам чун

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Киям ман, -Бедиле, беэътиборе

👁 35

Киям ман, Бедиле, беэътиборе, Ғарибе, бенасибе, хоксоре. Чу барқ аз оҳи гарм оташфурӯзе, Чу шамъ аз сӯзи дил шабзиндадоре.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Биё, эй соқии маҳваш, бидеҳ ҷоми маи рахшон

👁 21

Биё, эй соқии маҳваш, бидеҳ ҷоми маи рахшон, Ба рӯи Шоҳ Абдулқосим Муиззуддавла Бобурхон. Шаҳаншоҳи фалакмаснад, ки зад аз давлати сармд Қадам бар тораки Фарқад

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳамсояву ҳамнишину ҳамраҳ ҳама Ӯст

👁 22

Ҳамсояву ҳамнишину ҳамраҳ ҳама Ӯст, Дар далқи гадову атласи шаҳ ҳама Ӯст. Дар аҷумани фарқу ниҳонхонаи ҷамъ Биллаҳ ҳама Ӯсту сумма биллаҳ ҳама Ӯст

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Рӯзам ба ғами ҷаҳони фарсуда гузашт

👁 23

Рӯзам ба ғами ҷаҳони фарсуда гузашт. Шаб дар ҳаваси будаву ,нобуда гузашт. Умре, ки аз ӯ даме ҷаҳоне арзад. Алқисса ба фикрҳои беҳуда гузашт.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Гоҳ дар дил соз, гаҳ дар дида ҷо

👁 32

Гоҳ дар дил соз, гаҳ дар дида ҷо, Ҳар ду ҷойи туст, ё бадр-уд-дуҷо. Тӯбӣ омад қадди ту вақти хиром, Гар хиромад сӯйи мо, Тӯбӣ лано.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 100

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳарҷо, ки равӣ азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омуз, То тоҷи наберагони Одам бошӣ.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Наёбад ҳеч кас умри дубора

👁 24

Наёбад ҳеч кас умри дубора, Ба илме рав, к-аз онат нест чора.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Мағрур машав ба мол чун бехабарон

👁 28

Мағрур машав ба мол чун бехабарон, Зеро ки бувад мол чу абри гузарон.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Чу рӯбоҳ дар бешаи шер бошад

👁 29

Чу рӯбоҳ дар бешаи шер бошад, Зияд эмин аз захми чанголи гургон. Зи бедоди хурдон амон ёбад он кас, Ки гирад ватан дар ҷавори бузургон.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Барои дӯстон ҷонро фидо кун,

👁 70

Барои дӯстон ҷонро фидо кун, Валекин дӯст аз душман ҷудо кун.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест

👁 176

Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест, Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест. Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард, Зинда бо фарзанд монад номи мард.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст

👁 129

Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст, Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ, арзон аст. Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасид, Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Биё, эй ҷигаргӯша фарзанди ман

👁 55

Биё, эй ҷигаргӯша фарзанди ман, Бинеҳ гӯш бар гавҳари панди ман. Садафвор биншин даме лабхамӯш, Чун гавҳар фишонам, ба ман дор гӯш!

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Рӯдакӣ

👁 31

Рӯдакӣ он ки дур ҳамесуфтӣ, Мадҳи Сомониён ҳамегуфтӣ... Номи ӯро, ки мебаранд имрӯз, Ҳаст аз он шеъри анҷуманафрӯз.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Аз беадабӣ касе ба ҷое нарасид

👁 41

Аз беадабӣ касе ба ҷое нарасид, Дурест адаб, ба ҳар гадое нарасид. Сарриштаи умри подшоҳӣ адаб аст, Тоҷест, ки ҷуз подшоҳе нарасид.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ
Саҳифаи 2 аз 2