Биё, эй ҷигаргӯша фарзанди ман
Биё, эй ҷигаргӯша фарзанди ман,
Бинеҳ гӯш бар гавҳари панди ман.
Садафвор биншин даме лабхамӯш,
Чун гавҳар фишонам, ба ман дор гӯш!
Шунав панди дониш ба он ёр кун,
Чу донистӣ, он гоҳ ба он кор кун!
Чу бояд бузургит пирона сар,
Ба чашми бузургӣ ба пирон нигар.
Ҳамекун ба пирони бекас касӣ,
К-аз ин шева донам, ба пирӣ расӣ…