Шеърҳо бо теги: ошиқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ман ғуломи қамарам, ғайри қамар ҳеҷ магӯ
Ман ғуломи қамарам, ғайри қамар ҳеҷ магӯ, Пеши ман ҷуз сухани шамъу шакар ҳеҷ магӯ.
Ногаҳон Шамси дин расид ба вай
Ногаҳон Шамси дин расид ба вай, Гашт фонӣ зи тобу нураш фай… Ишқ дар роҳи ман бувад парда, Ишқ зиндаст пеши ман мурда.
Бо ошиқон нишину ҳама ошиқӣ гузин
Бо ошиқон нишину ҳама ошиқӣ гузин, Бо ҳар кӣ нест ошиқ, кам кун қариниё. Бошад гаҳи висол бибинанд рӯи дӯст, Ту низ дар миёнаи эшон бибиниё.
Дили ман арзане, ишқи ту кӯҳе
Дили ман арзане, ишқи ту кӯҳе, Чӣ соӣ зери кӯҳе арзане ро?! Бибахшо, моҳи ман, бар ман бибахшо, Макуш дар ишқ хира чун манеро!
Гар з-он ки шавӣ толиб, ҷӯянда шавӣ бо мо
Гар з-он ки шавӣ толиб, ҷӯянда шавӣ бо мо, В-ар з-он ки найӣ мутриб, гӯянда шавӣ бо мо! Гар з-он ки ту Қорунӣ, дар ишқ шавӣ муфлис, В-ар з-он ки Худовандӣ, ҳам
Расид он шаҳ, расид он шаҳ, биёроед айвонро
Расид он шаҳ, расид он шаҳ, биёроед айвонро, Фурӯ бурред соъидҳо барои хуби Канъонро! Чу омад ҷони ҷони ҷон, нашояд бурд номи ҷон, Ба пешаш ҷон чӣ кор ояд, мага
Ёр маро, ғор маро, ишқи ҷигархор маро
Ёр маро, ғор маро, ишқи ҷигархор маро, Ёр туйӣ, ғор туйӣ, хоҷа, нигаҳ дор маро! Нӯҳ туйӣ, рӯҳ туйӣ, фотиҳу мафтӯҳ туйӣ, Синаи машрӯҳ туйӣ бар дари асрор маро!
Ай фасли боборони мо, баррез бар ёрони мо
Ай фасли боборони мо, баррез бар ёрони мо, Чун ашки ғамхорони мо дар ҳаҷри дилдорони мо! Ай чашми абр, ин ашкҳо мерез ҳамчун машкҳо, Зеро ки дорӣ рашкҳо бар моҳ
Ай аз варойи пардаҳо тоби ту тобистони мо
Ай аз варойи пардаҳо тоби ту тобистони мо, Моро чу тобистон бибар дилгарм то бустони мо! Ай чашми ҷонро тӯтиё, охир куҷо рафтӣ?! Биё, То оби раҳмат барзанад аз
Ай нӯш карда нешро, бехеш кун бохешро
Ай нӯш карда нешро, бехеш кун бохешро, Бохеш кун бехешро, чизе бидиҳ дарвешро! Ташриф диҳ ушшоқро, пурнур кун офоқро, Бар заҳр зан тарёқро, чизе бидиҳ дарвешро!
Дидӣ, ки ёр ҷуз сари ҷавру ситам надошт
Дидӣ, ки ёр ҷуз сари ҷавру ситам надошт, Бишкаст аҳду аз ғами мо ҳеч ғам надошт. Ё Раб, магираш, арчи дили чун кабӯтарам Афканду кушту иззати сайди ҳарам надошт
Булбуле барги гуле хушранг дар минқор дошт
Булбуле барги гуле хушранг дар минқор дошт В-андар он баргу наво хуш нолаҳои зор дошт. Гуфтамаш: «Дар айни васл ин нолаву фарёд чист?» Гуфт: «Моро ҷилваи маъшуқ
Хоби он наргиси фаттони ту бе чизе нест
Хоби он наргиси фаттони ту бе чизе нест, Тоби он зулфи парешони ту бе чизе нест. Аз лабат шир равон буд, ки ман мегуфтам: Ин шакар гирди намакдони ту бе чизе не
Ҳосили коргаҳи кавну макон ин ҳама нест
Ҳосили коргаҳи кавну макон ин ҳама нест, Бода пеш ор, ки асбоби ҷаҳон ин ҳама нест. Аз дилу ҷон шарафи суҳбати ҷонон ғараз аст, Ғараз ин аст, вагарна дилу ҷон и
Роҳест роҳи ишқ, ки ҳечаш канора нест
Роҳест роҳи ишқ, ки ҳечаш канора нест, Он ҷо ҷуз он ки ҷон бисупоранд, чора нест. Ҳар гаҳ ки дил ба ишқ диҳӣ, хуш даме бувад, Дар кори хайр ҳоҷати ҳеч истихора
Кас нест, ки афтодаи он зулфи дуто нест,
Кас нест, ки афтодаи он зулфи дуто нест, Дар раҳгузари кист, ки доме зи бало нест? Чун чашми ту дил мебарад аз гӯшанишинон, «Дунболи ту будан гунаҳ аз ҷониби мо
Бинол, булбул, агар бо манат сари ёрист
Бинол, булбул, агар бо манат сари ёрист, Ки мо ду ошиқи зорему кори мо зорист. Дар он замин, ки насиме вазад зи турраи дӯст, Чӣ ҷойи дам задани нофаҳои тоторист
Агарчи арзи ҳунар пеши ёр беадабист
Агарчи арзи ҳунар пеши ёр беадабист, Забон хамӯш, валекин даҳон пур аз арабист. Парӣ ниҳуфта руху дев дар карашмаи ҳусн, Бисӯхт ақл зи ҳайрат, ки ин чӣ булъаҷаб
Рӯйи ту кас надиду ҳазорат рақиб ҳаст,
Рӯйи ту кас надиду ҳазорат рақиб ҳаст, Дар ғунчаӣ ҳанӯзу садат андалеб ҳаст. Гар омадам ба кӯйи ту, чандон ғариб нест, Чун ман дар ин диёр ҳазорон ғариб ҳаст.
Он пайки номвар, ки расид аз диёри дӯст
Он пайки номвар, ки расид аз диёри дӯст, Овард ҳирзи ҷон зи хати мушкбори дӯст. Хуш медиҳад нишони ҷалолу ҷамоли ёр, Хуш мекунад ҳикояту иззу виқори дӯст.
Дил саропардаи муҳаббати ӯст
Дил саропардаи муҳаббати ӯст, Дида ойинадори талъати ӯст. Ман, ки сар дарнаёварам ба ду кавн, Гарданам зери бори миннати ӯст.
Хами зулфи ту доми куфру дин аст
Хами зулфи ту доми куфру дин аст, Зи користони ӯ як шамма ин аст. Ҷамолат муъҷизи ҳусн аст, лекин Ҳадиси ғамзаат сеҳри мубин аст.
Ба доми зулфи ту дил мубталои хештан аст
Ба доми зулфи ту дил мубталои хештан аст, Бикуш ба ғамза, ки инаш сазои хештан аст. Гарат зи даст барояд муроди хотири мо, Ба даст бош, ки хайре ба ҷойи хештан
Сӯфӣ аз партави май рози ниҳонӣ донист
Сӯфӣ аз партави май рози ниҳонӣ донист, Гавҳари ҳар кас аз ин лаъл тавонӣ донист. Қадри маҷмӯаи гул мурғи саҳар донаду бас, Ки на ҳар к-ӯ варақе хонд, маонӣ дон
Гул дар бару май дар кафу маъшуқ ба ком аст
Гул дар бару май дар кафу маъшуқ ба ком аст, Султони ҷаҳонам ба чунин рӯз ғулом аст. Гӯ, шамъ маёред дар ин ҷамъ, ки имшаб Дар маҷлиси мо моҳи рухи дӯст тамом а