Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
То силсилаи зулфи ту занҷири чунун шуд
То силсилаи зулфи ту занҷири чунун шуд, Вобастагии ин дили девона фузун шуд. Шарманда шуд аз акси ҷамолат маҳу хуршед, В-аз орази ту синаи гул ғарқаи хун шуд.
Он камар бастану ханҷар заданашро нигаред
Он камар бастану ханҷар заданашро нигаред, Тарфи доман ба миён бар заданашро нигаред. Ҷониби гиряи ман чун нигарад аз сари ноз, Ханда бар ҷониб дигар заданашро
Ин қатраи хун чист бар рӯи ту, Ҳилолӣ?
Ин қатраи хун чист бар рӯи ту, Ҳилолӣ? Гӯё ки дил аз ғусса ба рӯи ту давида.
Он мир, ки дар самоъ сӯзе дорад
Он мир, ки дар самоъ сӯзе дорад, Сагрӯй ғулом ҳамчу юзе дорад, Гӯянд, ғуломи ӯ хате дорад сабз, Хат не, ту бигӯ, ҷуволдӯзе дорад.
Кас хубтар аз ту дар ҷаҳон мумкин нест
Кас хубтар аз ту дар ҷаҳон мумкин нест, Бас хубтар аз ту дар ҷаҳон мумкин нест. Гар хубии моҳпайкарон бадмеҳрист, Пас хубтар аз ту дар ҷаҳон мумкин нест.
Дандони маро чу дарди пинҳон бигирифт
Дандони маро чу дарди пинҳон бигирифт, Он дарди ниҳон дар дилу дар ҷон бигирифт. Чун марҳами дардҳо ҳама дар лаби туст, Он лаб бояд ба зери дандон бигирифт.
Дил муқими кӯйи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб
Дил муқими кӯйи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб, Чун кунад бечораи мискин тани танҳо ғариб?! Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш, Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғ
Дар даври замон лаҳзае оромиш нест
Дар даври замон лаҳзае оромиш нест, Дунёи данӣ макони осоиш нест. Ин иззату ҷоҳу шавкату мансабу мол Аз баҳри башар ба ғайри олоиш нест.
То кай набувад бо дили ман тамкинат?
То кай набувад бо дили ман тамкинат? То чанд бувад ҷавру ҷафо оинат? Пайваста ба кинаи дилам мепечад Зулфини хамандархами чинбарчинат.
То орази ёрам зи хат озор гирифт
То орази ёрам зи хат озор гирифт, В-аз сунбули тар настаранаш бор гирифт. Бар барги гулу лаъл, ту гуфтӣ, хати ӯ Тӯтӣ шакар андар сари минқор гирифт.
Бо пистаи танги ту шакар бар ҳеч аст
Бо пистаи танги ту шакар бар ҳеч аст, Бо мӯи миёни ту камар бар ҳеч аст. Гар бар даҳанат кунам назар, ҳеч маранҷ, Зеро ки маро аз ту назар бар ҳеч аст.
Бо пистаи ширини ту шаккар ҳеч аст
Бо пистаи ширини ту шаккар ҳеч аст, Бо сунбули мушкини ту анбар ҳеч аст. Гӯянд, ки ҳеч аст зи тангӣ даҳанат, Ман ҳеч надидаям, сухан дар ҳеч аст.
Инсон ба масал ойина бошад биззот
Инсон ба масал ойина бошад биззот, Ҳамвора бувад мазҳари Ҳақ ин миръот. Зебад, ки башар фахру муҳобот кунад, З-ин мавҳибати азим бар мавҷудот.
Гуфтам: Мастӣ! Гуфт, ки оре, ба Худо!
Гуфтам: Мастӣ! Гуфт, ки оре, ба Худо! Гуфтам: Магзар! Гуфт, ки бигзор маро! Гуфтам: Боз о! Гуфт, ки аз ман боз о! Гуфтам: Рафтам! Гуфт: Дигар боз маё!
Қавлу ғазале, ки дил рабояд ҳамаро
Қавлу ғазале, ки дил рабояд ҳамаро, Чангат ба усули чап сарояд ҳамаро. Чанги ту ба чанги зулфи хубон монад, З-он рӯй шикастанаш хуш ояд ҳамаро.
Дӣ ҷилвагарӣ бин, ки орост маро
Дӣ ҷилвагарӣ бин, ки орост маро, Хони карами Худо муҳайёст маро. Ҳалво чу зағора буд дар суфраи мо, Имрӯз ҳамон зағора ҳалвост маро.
Чим-оқо гуфт аз барои қабри Мир
Чим-оқо гуфт аз барои қабри Мир Ҳофизе бояд, ки мо сурночием. Чун Ҳамиди гурба ин маънӣ шунид, Аз миён барҷасту гуфто мо чием?
Ҷавоне гуфт бо маҳбуби хушгӯй
Ҷавоне гуфт бо маҳбуби хушгӯй, Ки чун бинӣ ҳавохоҳӣ ту ёрам. Чаро коғаз начаспонӣ ба бинӣ, Сиреш ар нест бо коғаз, ман орам?
Ҷавоби гуфтаҳои мо ба Табрез
Ҷавоби гуфтаҳои мо ба Табрез, Ки мегӯянд ёрон гоҳу бегоҳ. Ба пастиву баландӣ менамояд Ба пеши байти Каъба байти ҷуллоҳ.
Ҷустам аз ёре нишони он писар
Ҷустам аз ёре нишони он писар, К-оби ҳайвон аст ҷӯёи лабаш. Гуфт: Бегоҳон ба Ҷайҳунаш талаб, К-он замон бошад халос аз мактабаш.
Ҷуз оҳу нола надорам ба ошиқӣ ҳунаре
Ҷуз оҳу нола надорам ба ошиқӣ ҳунаре, Маро зи дасти ҳунарҳои хештан фарёд. Зи ашки сурху рухи зард чун зиям бе ғам, Ки ҳар яке ба дигаргуна дорадам ношод?
Тарки дунёи дун бигир, Камол
Тарки дунёи дун бигир, Камол, То ҷаҳонет марди дин хонанд. Ҳар ки дар банди ришу дастор аст, Хосу омаш ба ҳеч настонанд.
То зулфи раҳзани ту зи анбар каманд кард
То зулфи раҳзани ту зи анбар каманд кард, Машшотааш гирифт ба дуздиву банд кард. Дилро ғамат ба иллати қалбӣ намехарид, Лекин чу дид доғи ту бар вай, писанд кар
Пеши чанги дилхарошат сӯфиёнро, ҳофизо
Пеши чанги дилхарошат сӯфиёнро, ҳофизо, Наъраҳо бояд ба вақти нақш бинмудан задан. Ардашеру ту агар дар маҷлисе оред чанг, Мардуми маҷлис туро хоҳанд фармудан з
Паҳлавони фуқоӣ ар ногоҳ
Паҳлавони фуқоӣ ар ногоҳ Зери ях рафту дод ҷони нафис. Писарашро бигӯ: Ба гӯри падар Баррадаллоҳу мазҷаъа бинавис!

