Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Камоли Хуҷандӣ
Камоли Хуҷандӣ

Дандони маро чу дарди пинҳон бигирифт

Дандони маро чу дарди пинҳон бигирифт, Он дарди ниҳон дар дилу дар ҷон бигирифт. Чун марҳами дардҳо ҳама дар лаби туст, Он лаб бояд ба зери дандон бигирифт.