Дил муқими кӯйи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб
Дил муқими кӯйи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискин тани танҳо ғариб?!
Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб?!
Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо?
Меҳнати ғурбат надонад хеч кас, илло ғариб.
Ҳаргиз аз роҳи карам рӯзе напурсидӣ, ки чист
Ҳоли зори мустаманде монда дур аз мо ғариб.
Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли мо,
Дар чунин шаҳре ки мебинӣ, кӣ афтад бо ғариб?
Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,
Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб.