Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Хуршед зери сояи зулфи чу шоми ӯст
Хуршед зери сояи зулфи чу шоми ӯст, Тӯбо ғуломи қадди санавбархироми ӯст. Он қомат аст? Не, ба ҳақиқат қиёмат аст, Зеро ки растахези ман андар қиёми ӯст.
Ёри ман он ки лутфи Худованд ёри ӯст
Ёри ман он ки лутфи Худованд ёри ӯст, Бедоду доду радду қабул ихтиёри ӯст. Дарёи ишқро ба ҳақиқат канор нест, В-ар ҳаст, пеши аҳли ҳақиқат канори ӯст.
Кас ба чашмам дарнамеояд, ки гӯям мисли ӯст
Кас ба чашмам дарнамеояд, ки гӯям мисли ӯст, Худ ба чашми ошиқон сурат набандад мисли дӯст. Ҳар кӣ бо мастон нишинад, тарки мастурӣ кунад, Обрӯи некномон дар ха
Сафар дароз набошад ба пои толиби дӯст
Сафар дароз набошад ба пои толиби дӯст, Ки зиндаи абад аст, одамӣ ки куштаи ӯст. Шаробхурдаи маънӣ чу дар самоъ ояд, Чӣ ҷои ҷома, ки бар хештан бидаррад пӯст.
Сармаст даромад аз дарам дӯст
Сармаст даромад аз дарам дӯст, Лабхандазанон чу ғунча дар пӯст. Чун дидамаш он рухи нигорин, Дар худ ба ғалат шудам, ки ин ӯст.
Бито, ҳалок шавад дӯст дар муҳаббати дӯст
Бито, ҳалок шавад дӯст дар муҳаббати дӯст, Ки зиндагонии ӯ дар ҳалок будани ӯст. Маро ҷафову вафои ту пеш яксон аст, Ки ҳар чӣ дӯст писандад ба ҷои дӯст, накӯст
Бо хирадмандию хубӣ порсову некхӯст
Бо хирадмандию хубӣ порсову некхӯст, Сурате ҳаргиз надидам, к-ин ҳама маънӣ дар ӯст. Гар хаёли ёрӣ андешанд, боре чун ту ёр, Ё ҳавои дӯстӣ варзанд, боре чун ту
Гар касе сарв шунидаст, ки рафтаст, ин аст
Гар касе сарв шунидаст, ки рафтаст, ин аст, Ё санавбар, ки буногӯшу бараш симин аст. На баландист ба сурат, ки ту маълум кунӣ, Ки баланд аз назари мардуми кӯтаҳ
Бахти ҷавон дорад, он ки бо ту қарин аст
Бахти ҷавон дорад, он ки бо ту қарин аст, Пир нагардад, ки дар биҳишти барин аст. Дигар аз он ҷонибам намоз набошад, Гар ту ишорат кунӣ, ки қибла чунин аст.
Бо ҳама меҳру бо манаш кин аст
Ғаазли шумораи 85 Бо ҳама меҳру бо манаш кин аст, Чӣ кунам? Ҳаззи бахти ман ин аст. Шояд, эй нафс, то дигар накунӣ
Зи ман мапурс, ки дар дасти ӯ дилат чун аст
Зи ман мапурс, ки дар дасти ӯ дилат чун аст, Аз ӯ бипурс, ки ангуштҳош дар хун аст. В-агар ҳадис кунам, тандурустро чӣ хабар, Ки андаруни ҷароҳатрасидагон чун а
Магар насими саҳар бӯи зулфи ёри ман аст
Магар насими саҳар бӯи зулфи ёри ман аст, Ки роҳати дили ранҷури беқарори ман аст. Ба хоб дар наравад чашми бахти ман ҳама умр, Гараш ба хоб бибинам, ки дар кан
Ҳазор сахтӣ агар бар ман ояд, осон аст
Ҳазор сахтӣ агар бар ман ояд, осон аст, Ки дӯстию иродат ҳазорчандон аст. Сафар дароз набошад ба пои толиби дӯст, Ки хори дашти муҳаббат гул асту райҳон аст.
Чӣ рӯй аст он, ки пеши корвон аст?
Чӣ рӯй аст он, ки пеши корвон аст? Магар шамъе ба дасти сорвон аст? Сулаймон аст гӯӣ дар аморӣ, Ки бар боди сабо тахташ равон аст.
Ин хатти шариф аз он банон аст
Ин хатти шариф аз он банон аст В-ин нақли ҳадис аз он даҳон аст. Ин бӯи абири ошноӣ Аз соҳати ёри меҳрбон аст.
Ин боди баҳори бӯстон аст
Ин боди баҳори бӯстон аст, Ё бӯи висоли дӯстон аст?! Дил мебарад ин хати нигорин, Гӯӣ хати рӯи дилситон аст.
Имшаб, ба ростӣ, шаби мо рӯзи равшан аст
Имшаб, ба ростӣ, шаби мо рӯзи равшан аст, Иди висоли дӯст алорағми душман аст. Боди биҳишт мегузарад ё насими боғ, Ё накҳати даҳони ту, ё бӯи лодан аст?
Бар ман, ки сабӯҳизадаам, хирқа ҳаром аст
Бар ман, ки сабӯҳизадаам, хирқа ҳаром аст, Эй маҷлисиён, роҳи харобот кадом аст? Ҳар кас ба ҷаҳон ҳуррамие пеш гирифтанд, Моро ғамат, эй моҳи паричеҳра, тамом а
Соқинома
Биё, соқӣ, он май, ки ҳол оварад. Каромат физояд, камол оварад. Ба ман деҳ, ки бас бедил афтодаам, В-аз ин ҳар ду беҳосил афтодаам.
Беҳтарин ёр
Беҳтарин ёре ки дорам қалби хунпӯши ман аст, Рӯи хокам, зери хокам, у дар оғӯши ман аст. Қомати ман то абад хамгашта нест аз бори марг, Зиндаги вазнинтарин боре
РӮ МАТОБ !..
Илтиҷо дорам, ки рӯ аз мо матоб, Чеҳраат бахшад ҷило, чун Офтоб. Дар паси рӯъёи хобам омадӣ, Бо таманно хоби худ, гуфтам ба об.
Женщина не товар
Запомните: женщина — это не вещь, Не ценник в витрине, не просто товар. Она — тихий берег, покой твой и свет, Для дома — целитель и истинный дар.
Аз куфру ислом бурун саҳроест
Аз куфру ислом бурун саҳроест, Моро ба миёни он фазо савдоест. Ориф чу бадон расид, сар барбинеҳад, На куфру на ислому на он ҷо ҷоест.
Ишқ агар дар ҷилва орад партави мақдурро
Ишқ агар дар ҷилва орад партави мақдурро, Аз гудози дил диҳад равған чироғи Турро. Бениёзӣ баски муштоқи лиқои аҷз буд, Кард холи рӯи дасти худ Сулаймон мӯрро.
Манигар ба ҳар гадое, ки ту хос аз они моӣ
Манигар ба ҳар гадое, ки ту хос аз они моӣ, Мафуруш хеш арзон, ки ту бас гаронбаҳоӣ. Ба асо шикоф дарё, ки ту Мусии замонӣ, Бидарон қабоҳи маҳро, ки зи нури Мус


