Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ҳар чӣ хоҳӣ, кун, ки моро бо ту рӯи ҷанг нест
Ҳар чӣ хоҳӣ, кун, ки моро бо ту рӯи ҷанг нест, Панҷа бо зӯроварон андохтан фарҳанг нест. Дар кӣ хоҳам бастан он дил, к-аз висолат барканам? Чун ту дар олам набо
Ҷон надорад, ҳар кӣ ҷононеш нест
Ҷон надорад, ҳар кӣ ҷононеш нест, Тангъайш аст, он ки бустонеш нест. Ҳар киро сурат набандад сирри ишқ, Сурате дорад, вале ҷонеш нест.
Эй ки гуфтӣ, ҳеч мушкил чун фироқи ёр нест
Эй ки гуфтӣ, ҳеч мушкил чун фироқи ёр нест, Гар умеди васл бошад, ҳамчунон душвор нест. Халқро бедор бояд буд аз оби чашми ман, В-ин аҷаб, к-он вақт мегӯям, ки
Гар сабри дил аз ту ҳасту гар нест
Гар сабри дил аз ту ҳасту гар нест, Ҳам сабр, ки чораи дигар нест. Эй хоҷа, ба кӯи дилситонон Зинҳор марав, ки раҳ ба дар нест.
Кист он, к-иш сари пайванди ту дар хотир нест
Кист он, к-иш сари пайванди ту дар хотир нест, Ё назар бо ту надорад, магараш нозир нест? На ҳалол аст, ки дидори ту бинад ҳар кас, Ки ҳаром аст бар он, к-иш на
Дардест дарди ишқ, ки ҳечаш табиб нест
Дардест дарди ишқ, ки ҳечаш табиб нест, Гар дардманди ишқ бинолад, ғариб нест. Донанд оқилон, ки маҷонини ишқро Парвои қавли носиҳу панди адиб нест.
Маро аз он чӣ, ки беруни шаҳр саҳроест?
Маро аз он чӣ, ки беруни шаҳр саҳроест? Қарини дӯст ба ҳар ҷо ки ҳаст, хуш ҷоест. Касе ки рӯи ту дидаст, аз ӯ аҷаб дорам, Ки боз дар ҳама умраш сари тамошоест.
Зиҳӣ рафиқ, ки бо чун ту сарвболоест
Зиҳӣ рафиқ, ки бо чун ту сарвболоест, Ки аз Худой бар ӯ неъматею олоест. Ҳар он ки бо ту даме ёфтаст дар ҳама умр, Наёфтаст, агараш баъд аз он таманноест.
Машнав, эй дӯст, ки ғайр аз ту маро ёре ҳаст
Машнав, эй дӯст, ки ғайр аз ту маро ёре ҳаст, Ё шабу рӯз ба ҷуз фикри туам коре ҳаст. Ба каманди сари зулфат на ман афтодаму бас, Ки ба ҳар ҳалқаи мӯет гирифтор
Ҳар чӣ дар рӯи ту гӯянд ба зебоӣ, ҳаст
Ҳар чӣ дар рӯи ту гӯянд ба зебоӣ, ҳаст, В-он чи дар чашми ту аз шӯхию раъноӣ, ҳаст. Сарвҳо дидам дар боғу тааммул кардам, Қомате нест, ки чун ту ба дилороӣ ҳаст
Биё, биё, ки маро бо ту моҷарое ҳаст
Биё, биё, ки маро бо ту моҷарое ҳаст, Бигӯй, агар гунаҳе рафту гар хатое ҳаст. Раво бувад, ки чунин беҳисоб дил бибарӣ? Макун, ки мазлимаи халқро ҷазое ҳаст.
Маро худ бо ту чизе дар миён ҳаст
Маро худ бо ту чизе дар миён ҳаст, В-агарна, рӯи зебо дар ҷаҳон ҳаст. Вуҷуде дорам, аз меҳрат гудозон, Вуҷудам рафту меҳрат ҳамчунон ҳаст.
Субҳдам боде ба саҳро бурд бод аз кӯи дӯст
Субҳдам боде ба саҳро бурд бод аз кӯи дӯст, Бӯстон дар анбари соро гирифт аз бӯи дӯст. Дӯст гар бо мо бисозад, давлате бошад азим, В-ар насозад, мебибояд сохтан
Шодӣ ба рӯзгори гадоёни кӯи дӯст
Шодӣ ба рӯзгори гадоёни кӯи дӯст, Бар хоки раҳ нишаста ба уммеди рӯи дӯст. Гуфтам, ба гӯшае бинишинам, вале дилам Наншинад аз кашидани хотир ба сӯи дӯст.
Оби ҳаёти ман аст хоки сари кӯи дӯст
Оби ҳаёти ман аст хоки сари кӯи дӯст, Гар ду ҷаҳон хуррамист, мову ғами рӯи дӯст. Валвала дар шаҳр нест, ҷуз шикани зулфи ёр, Фитна дар офоқ нест, ҷуз хами абрӯ
Маро ту ғояти мақсудӣ аз ҷаҳон, эй дӯст
Маро ту ғояти мақсудӣ аз ҷаҳон, эй дӯст, Ҳазор ҷони азизат фидои ҷон, эй дӯст! Чунон ба доми ту улфат гирифт мурғи дилам, Ки ёд менакунад аҳди ошён, эй дӯст.
Зи ҳад гузашт ҷудоӣ миёни мо, эй дӯст
Зи ҳад гузашт ҷудоӣ миёни мо, эй дӯст, Биё, биё, ки ғуломи туам, биё, эй дӯст, Агар ҷаҳон ҳама душман шавад, зи домани ту Ба теғи марг шавад дасти ман раҳо, эй
То дастҳо камар накунӣ бар миёни дӯст
То дастҳо камар накунӣ бар миёни дӯст, Бӯсе ба коми дил надиҳӣ бар даҳони дӯст. Донӣ, ҳаёти куштаи шамшери ишқ чист? Себе газидан аз рухи чун бӯстони дӯст.
Эй пайки пайхуҷаста, ки дорӣ нишони дӯст
Эй пайки пайхуҷаста, ки дорӣ нишони дӯст, Бо мо магӯ ба ҷуз сухани дилситони дӯст. Ҳол аз даҳони дӯст шунидан чӣ хуш бувад, Ё аз даҳони он ки шунид аз даҳони дӯ
Ин мутриб аз куҷост, ки баргуфт номи дӯст
Ин мутриб аз куҷост, ки баргуфт номи дӯст, То ҷону ҷома базл кунам бар паёми дӯст? Дил зинда мешавад ба умеди вафои ёр, Ҷон рақс мекунад ба самоъи каломи дӯст.
Субҳ механдаду ман гирякунон аз ғами дӯст
Субҳ механдаду ман гирякунон аз ғами дӯст, Эй дами субҳ, чӣ дорӣ хабар аз мақдами дӯст? Бар худам гиря ҳамеояду бар хандаи ту, То табассум чӣ кунӣ бехабар аз ма
Гуфтам, магар ба хоб бибинам хаёли дӯст
Гуфтам, магар ба хоб бибинам хаёли дӯст, Инак, алассабоҳ назар бар ҷамоли дӯст. Мардум ҳилоли ид бидиданду пеши мо Ид асту онак2, абруи ҳамчун ҳилоли дӯст.
Субҳе муборак аст назар бар ҷамоли дӯст
Субҳе муборак аст назар бар ҷамоли дӯст, Бар хурдан аз дарахти умеди висоли дӯст. Бахтам нахуфта буд, ки аз хоби бомдод Бархостам ба толиъи фархундафоли дӯст.
Зи ҳар чӣ ҳаст, гузир асту ногузир аз дӯст
Зи ҳар чӣ ҳаст, гузир асту ногузир аз дӯст, Ба қавли ҳар кӣ ҷаҳон, меҳр бармагир аз дӯст. Ба бандагию сағирӣ гарат қабул кунад, Сипос дор, ки фазле бувад кабир
Он ки дили ман чу гӯй дар хами чавгони уст
Он ки дили ман чу гӯй дар хами чавгони уст, Мавқифи озодагон бар сари майдони ӯст. Раҳ ба дар аз кӯи дӯст нест, ки берун баранд, Силсилаи пои ҷамъ зулфи парешон

