Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Субҳдам боде ба саҳро бурд бод аз кӯи дӯст

Субҳдам боде ба саҳро бурд бод аз кӯи дӯст, Бӯстон дар анбари соро гирифт аз бӯи дӯст. Дӯст гар бо мо бисозад, давлате бошад азим, В-ар насозад, мебибояд сохтан бо хӯи дӯст. Гар қабулам мекунад, мамлуки2 худ мепарварад, В-ар биронад, панҷа натвон кард бо бозуи дӯст. Ҳар киро хотир ба рӯи дӯст рағбат мекунад, Бас парешонӣ бибояд бурданаш чун мӯи дӯст. Дигаронро ид агар фардост, моро ин дам аст, Рӯзадорон моҳи нав бинанаду мо абрӯи дӯст. Ҳар касе бехештан ҷавлони ишқе мекунад, То ба чавгони кӣ дархоҳад фитодан гӯи дӯст. Душманамро бад намехоҳам, ки он бадбахтро Ин уқубат бас, ки бинад дӯст ҳамзонуи дӯст. Ҳар касеро дил ба саҳроею боғе меравад, Ҳар кас аз сӯе бадар рафтанду ошиқ сӯи дӯст. Кош боре, боғу бустонро ки таҳсин мекунанд, Булбуле будӣ чу Саъдӣ ё гуле чун рӯи дӯст.