Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Соқинома

Биё, соқӣ, он май, ки ҳол оварад. Каромат физояд, камол оварад. Ба ман деҳ, ки бас бедил афтодаам, В-аз ин ҳар ду беҳосил афтодаам. Биё, соқӣ, он май, ки аксаш зи ҷом Ба Кайхусраву Ҷам фиристад паём, Бидеҳ, то бигӯям ба овози най, Ки Ҷамшед кай буду Ковус кай? Биё, соқӣ, он кимиёи футӯҳ, Ки бо ганҷи Қорун диҳад умри Нӯҳ. Бидеҳ, то ба рӯят гушоянд боз Дари комронию умри дароз. Бидеҳ, соқӣ, он май, к-аз ӯ ҷоми Ҷам Занад лофи биноӣ андар адам. Ба ман деҳ, ки гардам ба таъйиди ҷом Чу Ҷам огаҳ аз сирри олам тамом. Дам аз сайри ин дайри дерина зан, Салое ба шоҳони пешина зан. Ҳамон манзил аст ин ҷаҳони хароб, Ки дидаст айвони Афросиёб. Куҷо ройи Пирони лашкаркашаш? Куҷо Шеда, он турки ханҷаркашаш? На танҳо шуд айвону қасраш ба бод, Ки кас дахма низаш надорад ба ёд. Ҳамон марҳала-ст ин биёбони дур, Ки гум шуд дар ӯ лашкари Салму Тур.