Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ин хатти шариф аз он банон аст

Ин хатти шариф аз он банон аст В-ин нақли ҳадис аз он даҳон аст. Ин бӯи абири ошноӣ Аз соҳати ёри меҳрбон аст. Муҳр аз сари нома баргирифтам, Гуфтӣ, ки сари гулобдон аст. Қосид магар оҳуи Хутан буд, К-иш нофаи мушк дар миён аст. Ин худ чӣ иборати латиф аст? В-ин худ чӣ кифояти баён аст? Маълум шуд ин ҳадиси ширин, К-аз мантиқи он шакарфишон аст. Ин хат ба замин нашояд андохт, К-аз ҷониби моҳи осмон аст. Рӯзе биравад равони Саъдӣ, К-ин айш на айши ҷовидон аст. Хуррам тани ӯ, ки чун равонаш Аз тан биравад, сухан равон аст.