Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ҳар кӣ бе ӯ зиндагонӣ мекунад
Ҳар кӣ бе ӯ зиндагонӣ мекунад, Гар намемирад, гаронӣ мекунад. Ман бар он будам, ки надҳам дил ба ишқ, Сарвболо дилситонӣ мекунад.
Ёр бо мо бевафоӣ мекунад
Ёр бо мо бевафоӣ мекунад, Бе гуноҳ аз ман ҷудоӣ мекунад. Шамъи ҷонамро бикушт он бевафо, Ҷои дигар рӯшноӣ мекунад.
Зулфи ӯ бар рух чу ҷавлон мекунад
Зулфи ӯ бар рух чу ҷавлон мекунад, Мушкро дар шаҳр арзон мекунад. Ҷавҳарии ақл дар бозори ҳусн Қимати лаълаш ба сад ҷон мекунад.
Сарви баланд бин, ки чӣ рафтор мекунад
Сарви баланд бин, ки чӣ рафтор мекунад, В-он моҳи муҳташам, ки чӣ гуфтор мекунад. Он чашми маст бин, ки ба шӯхию дилбарӣ Қасди ҳалоки мардуми ҳушёр мекунад.
Майл бин, к-он сарвболо мекунад
Майл бин, к-он сарвболо мекунад, Сарв бин, к-оҳанги саҳро мекунад. Майл аз ин хуштар надонад кард сарв, Нохуш он майл аст, к-аз мо мекунад.
Чӣ кунад банда, ки бар ҷавр таҳаммул накунад?
Чӣ кунад банда, ки бар ҷавр таҳаммул накунад? Дил агар танг шавад, меҳр табаддул накунад. Дилу дин дар сари корат шуду бисёре нест, Сару ҷон хоҳ, ки девона таам
Касе ки рӯи ту бинад, нигаҳ ба кас накунад
Касе ки рӯи ту бинад, нигаҳ ба кас накунад, Зи ишқ сер набошад, зи айш бас накунад. Дар ин равиш, ки туӣ, пеши ҳар кӣ боз оӣ, Гараш ба теғ занӣ, рӯй бозпас наку
Бихром, биллаҳ, то сабо бехи санавбар барканад
Бихром, биллаҳ, то сабо бехи санавбар барканад. Бурқаъ барафкан, то биҳишт аз ҳур зевар барканад. З-он рӯю холи дилситон баркаш ниқоби парниён, То пеши рӯят осм
Ёр бояд ки ҳар чӣ ёр кунад
Ёр бояд ки ҳар чӣ ёр кунад, Бар муроди худ ихтиёр кунад. Зинҳор аз касе, ки дар ғами дӯст Пеши бегона зинҳор кунад.
Тавонгарон, ки ба ҷанби сарои дарвешанд
Тавонгарон, ки ба ҷанби сарои дарвешанд, Мурувват аст, ки ҳар вақт аз ӯ бияндешанд. Ту, эй тавонгари ҳусн, аз ғанои дарвешон Хабар надорӣ, агар хастаанду гар ре
Булбуле бедил навое мезанад
Булбуле бедил навое мезанад, Бодпаймое ҳавое мезанад. Кас намебинам зи беруни сарой, В-андарунам марҳабое мезанад.
Офтоб аз кӯҳ сар бар мезанад
Офтоб аз кӯҳ сар бар мезанад, Моҳрӯй ангушт бар дар мезанад. Он камонабрӯ, ки тири ғамзааш Ҳар замоне сайди дигар мезанад.
Равандагони тариқ аз бало напарҳезанд
Равандагони тариқ аз бало напарҳезанд, Гирифтагони иродат ба ҷавр нагрезанд. Умедворон дасти талаб зи домани дӯст Агар фурӯ гусилонанд, дар кӣ овезанд?
Ду чашми масти ту, к-аз хоби субҳ бархезанд
Ду чашми масти ту, к-аз хоби субҳ бархезанд, Ҳазор фитна ба ҳар гӯшае барангезанд. Чӣ гуна унс нагиранд бо ту одамиён, Ки аз латофати хӯи ту ваҳш нагрезанд?!
Ту он наӣ, ки дил аз суҳбати ту баргиранд
Ту он наӣ, ки дил аз суҳбати ту баргиранд, В-агар малул шавӣ, соҳибе дигар гиранд. В-агар ба хашм биронӣ, тариқи рафтан нест, Куҷо раванд, ки ёр аз ту хубтар ги
Шояд ин талъати маймун, ки ба фолаш доранд
Шояд ин талъати маймун, ки ба фолаш доранд, Дар дил андешаву дар дида хаёлаш доранд, Ки дар офоқ чунин рӯй дигар натвон дид, Ё магар оина дар пеши ҷамолаш доран
Пеши рӯят нигарон сурати бар деворанд
Пеши рӯят нигарон сурати бар деворанд, На чунин сурату маънӣ, ки ту дорӣ, доранд. То гули рӯи ту дидам, ҳама гулҳо хоранд, То туро ёр гирифтам, ҳама халқ ағёран
Корвон мераваду бори сафар мебанданд
Корвон мераваду бори сафар мебанданд, То дигар бор кӣ бинад, ки ба мо пайванданд? Хайлтошони ҷафокору муҳиббони малул Хаймаро ҳамчу дил аз суҳбати мо барканданд
Охир, эй сангдили симзанахдон, то чанд
Охир, эй сангдили симзанахдон, то чанд, Ту зи мо фориғу мо аз ту парешон то чанд? Хор дар пои гул аз дур ба ҳасрат дидам, Ташна боз омадан аз чашмаи ҳайвон то ч
Дарахт ғунча бароварду булбулон мастанд
Дарахт ғунча бароварду булбулон мастанд, Ҷаҳон ҷавон шуду ёрон ба айш биншастанд. Ҳарифи маҷлиси мо худ ҳамеша дил мебурд, Алалхусус, ки пирояе бар ӯ бастанд.
Инон магар зи раҳмати маҳз офаридаанд
Инон магар зи раҳмати маҳз офаридаанд, К-ороми ҷону унси дилу нури дидаанд. Лутф оятест дар ҳақи инону кибру ноз, Пироҳане ки бар қади эшон буридаанд.
Гулбунон пироя бар худ кардаанд
Гулбунон пироя бар худ кардаанд, Булбулонро дар самоъ овардаанд. Соқиёни лоуболӣ дар тавоф, Ҳуши майхорони маҷлис бурдаанд.
Айбҷӯёнам ҳикоят пеши ҷонон гуфтаанд
Айбҷӯёнам ҳикоят пеши ҷонон гуфтаанд, Ман худ ин пайдо ҳамегӯям, ки пинҳон гуфтаанд. Пеш аз ин гӯянд, к-аз ишқат парешон аст ҳол, Гар бигуфтандӣ, ки маҷмӯъам, п
Ҳусни ту доим бад-ин қарор намонад
Ҳусни ту доим бад-ин қарор намонад, Масти ту ҷовид дар хумор намонад. Эй гули хандони навшукуфта, нигаҳ дор Хотири булбул, ки навбаҳор намонад.
Маҷлиси мо дигар имрӯз ба бустон монад
Маҷлиси мо дигар имрӯз ба бустон монад, Айши хилват ба тамошои гулистон монад. Май ҳалол аст касеро, ки бувад хона биҳишт, Хоса аз дасти ҳарифе, ки ба ризвон мо

