Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Зулфи ӯ бар рух чу ҷавлон мекунад

Зулфи ӯ бар рух чу ҷавлон мекунад, Мушкро дар шаҳр арзон мекунад. Ҷавҳарии ақл дар бозори ҳусн Қимати лаълаш ба сад ҷон мекунад. Офтоби ҳусни ӯ то шуъла зад, Моҳ рух дар парда пинҳон мекунад. Ман ҳама қасди висолаш мекунам, В-он ситамгар азми ҳиҷрон мекунад. Гар намакдон пуршакар хоҳӣ, матарс, Талхие, к-он шаккаристон мекунад. Тири мижгону камони абруяш Ошиқонро иди Қурбон мекунад. Аз вафоҳо, ҳар чӣ битвон, мекунам, В-аз ҷафоҳо, ҳар чӣ натвон, мекунад.