Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Бихром, биллаҳ, то сабо бехи санавбар барканад

Бихром, биллаҳ, то сабо бехи санавбар барканад. Бурқаъ барафкан, то биҳишт аз ҳур зевар барканад. З-он рӯю холи дилситон баркаш ниқоби парниён, То пеши рӯят осмон он холи ахтар барканад. Халқе чун ман бар рӯи ту ошуфта ҳамчун мӯи ту, Пой он ниҳад дар кӯи ту, к-аввал дил аз сар барканад. З-он орзаи фархундахӯ на ранг дорад гул, на бӯ, Ангушти ғайратро бигӯ, то чашми абҳар барканад. Мо хори ғам дар пои ҷон дар кӯят, эй гулрух, равон, В-он гаҳ киро парвои он, к-аз пой ришта барканад? Моҳ аст рӯят ё малак, қанд аст лаълат ё намак? Бинмой пайкар, то фалак меҳр аз Дупайкар барканад. Боре ба нозу дилбарӣ бар сӯи саҳро бигзарӣ, Волеҳ шавад кабки дарӣ, товус шаҳпар барканад. Саъдӣ чу шуд ҳиндуи ту, ҳил, то парастад рӯи ту, К-ӯ хайма зад паҳлӯи ту, фардои маҳшар барканад.