Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ёр бояд ки ҳар чӣ ёр кунад

Ёр бояд ки ҳар чӣ ёр кунад, Бар муроди худ ихтиёр кунад. Зинҳор аз касе, ки дар ғами дӯст Пеши бегона зинҳор кунад. Бори ёрон бикаш, ки домани гул Он барад, эҳтимоли хор кунад. Хонаи ишқ дар харобот аст, Некномӣ дар ӯ чӣ кор кунад? Шаҳрбанди ҳавои нафс набош, Саги шаҳр устухон шикор кунад. Ҳар шабе ёри шоҳиде будан Рӯзи ҳушёрият хумор кунад. Қозии шаҳри ошиқон бояд, Ки ба як шоҳид ихтисор кунад. Сари Саъдӣ сарои султон аст, Нодир он ҷо касе гузор кунад.