Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Шояд ин талъати маймун, ки ба фолаш доранд

Шояд ин талъати маймун, ки ба фолаш доранд, Дар дил андешаву дар дида хаёлаш доранд, Ки дар офоқ чунин рӯй дигар натвон дид, Ё магар оина дар пеши ҷамолаш доранд. Аҷаб, аз доми ғамаш гар биҷаҳад мурғи диле, Ин ҳама майл, ки бо донаи холаш доранд. Нозанине, ки сар андар қадамаш бояд бохт, На ҳарифе, ки таваққуъ ба висолаш доранд. Ғолиб он аст, ки мурғе чу ба доме афтод, То ба ҷое наравад, бепаруболаш доранд. Ишқи Лайлӣ на ба андозаи ҳар Маҷнунест, Магар онон, ки сари нозу далолаш доранд. Дӯстӣ бо ту ҳаром аст, ки чашмони кашат Хуни ушшоқ бирезанду ҳалолаш доранд. Хуррамо даври висолею хушо дарди диле, Ки ба маъшуқ тавон гуфту маҷолаш доранд! Ҳоли Саъдӣ ту надонӣ, ки туро дарде нест, Дардмандон хабар аз сурати ҳолаш доранд.