Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ҳар лаҳза дар барам дил аз андеша хун шавад
Ҳар лаҳза дар барам дил аз андеша хун шавад, То мунтаҳои кори ман аз ишқ чун шавад. Дил барқарор нест, ки гӯям насиҳате, Аз роҳи ақлу маърифаташ раҳнамун шавад.
Он ки маро орзуст, дер муяссар шавад
Он ки маро орзуст, дер муяссар шавад, В-ин чи маро дар сар аст, умр дар ин сар шавад. То ту наёӣ ба фазл, рафтани мо ботил аст, В-ар ба масал пои саъй дар талаб
Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад
Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад, В-он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад. Ман мондаам маҳҷур аз ӯ, бечораву ранҷур аз ӯ, Гӯӣ, ки неше дур
Сарвболое ба саҳро меравад
Сарвболое ба саҳро меравад, Рафтанаш бин, то чӣ зебо меравад. То кадомин боғ аз ӯ хуррамтар аст, К-ӯ ба ромиш кардан он ҷо меравад.
Дар ман ин айб қадим асту бадар менаравад
Дар ман ин айб қадим асту бадар менаравад, Ки маро бе маю маъшуқ ба сар менаравад. Сабрам аз дӯст мафармою тааннут бигузор, К-ин балоест, ки аз табъи башар мена
Ҳар киро боғчае ҳаст, ба бустон наравад
Ҳар киро боғчае ҳаст, ба бустон наравад, Ҳар кӣ маҷмӯъ нишастаст, парешон наравад. Он ки дар доманаш овехта бошад хоре, Ҳаргизаш гӯшаи хотир ба гулистон наравад
Ҳар кӣ маҷмӯъ набошад, ба тамошо наравад
Ҳар кӣ маҷмӯъ набошад, ба тамошо наравад, Ёри бо ёр сафаркарда ба танҳо наравад. Боди осоиши гетӣ назанад бар дили реш, Субҳи содиқ надамад, то шаби ялдо нарава
Гуфтамаш, сер бибинам, магар аз дил биравад
Гуфтамаш, сер бибинам, магар аз дил биравад, В-ончунон пой гирифтаст, ки мушкил биравад. Диле аз санг бибояд ба сари роҳи видоъ, То таҳаммул кунад он рӯз, ки ма
Айбе набошад аз ту, ки бар мо ҷафо равад
Айбе набошад аз ту, ки бар мо ҷафо равад, Маҷнун аз остонаи Лайлӣ куҷо равад? Гар ман фидои ҷони ту гардам, дареғ нест, Бисёр сар, ки дар сари меҳру вафо равад.
Ё Раб, шаби дӯшин чӣ муборак саҳаре буд
Ё Раб, шаби дӯшин чӣ муборак саҳаре буд, К-ӯро ба сари куштаи ҳиҷрон гузаре буд? Он дӯст, ки моро ба иродат назаре ҳаст, Бо мо магар ӯро ба иноят назаре буд?
Ман чӣ дар пои ту резам, ки хурои ту бувад?
Ман чӣ дар пои ту резам, ки хурои ту бувад? Сар на чизест, ки шоистаи пои ту бувад. Хуррам он рӯй, ки дар рӯи ту бошад ҳама умр, В-ин набошад магар он вақт, ки
Ночор, ҳар кӣ соҳиби рӯи накӯ бувад
Ночор, ҳар кӣ соҳиби рӯи накӯ бувад, Ҳар ҷо ки бигзарад, ҳама чашме бар ӯ бувад. Эй гул, ту низ шӯхии булбул муоф дор, К-он ҷо ки рангу бӯй бувад, гуфтугӯ бувад
Маро роҳат аз зиндагӣ дӯш буд
Маро роҳат аз зиндагӣ дӯш буд, Ки он моҳрӯям дар оғӯш буд. Чунон масти дидору ҳайрони ишқ, Ки дуёву динам фаромӯш буд.
Аз дасти дӯст ҳар чӣ ситонӣ, шакар бувад
Аз дасти дӯст ҳар чӣ ситонӣ, шакар бувад, В-аз дасти ғайри дӯст табарзад1 табар бувад. Душман гар остини гул афшонадат ба рӯй, Аз тири чарху санги фалохан2 бата
Нафасе вақти баҳорам ҳаваси саҳро буд
Нафасе вақти баҳорам ҳаваси саҳро буд Бо рафиқе ду, ки доим натавон танҳо буд. Хоки Шероз чу дебои мунаққаш дидам, В-он ҳама сурати шоҳид, ки бар он дебо буд.
Туро самоъ набошад, ки сӯзи ишқ набуд
Туро самоъ набошад, ки сӯзи ишқ набуд, Гумон мабар, ки барояд зи хом ҳаргиз дуд. Чу ҳар чӣ мерасад, аз дасти ӯст, фарқе нест Миёни шарбати нӯшину теғи заҳролуд.
Ахтароне, ки ба шаб дар назари мо оянд
Ахтароне, ки ба шаб дар назари мо оянд, Пеши хуршед муҳол аст, ки пайдо оянд. Ҳамчунин пеши вуҷудат ҳама хубон адаманд, Гарчи дар чашми халоиқ ҳама зебо оянд.
Ба бӯи он ки шабе дар Ҳарам биёсоянд
Ба бӯи он ки шабе дар Ҳарам биёсоянд, Ҳазор бодия саҳл аст, агар бипаймоянд. Тариқи ишқ ҷафо бурдан асту ҷонбозӣ, Дигар чӣ чора, ки бо зӯрманд барн-оянд?
Нашояд, ки хубон ба саҳро раванд
Нашояд, ки хубон ба саҳро раванд, Ҳама кас шиносанду ҳар ҷо раванд. Ҳалол аст рафтан ба саҳро, валек На инсоф бошад, ки бе мо раванд.
Агар ту баршиканӣ, дӯстон салом кунанд
Агар ту баршиканӣ, дӯстон салом кунанд, Ки ҷавр қоида бошад, ки бар ғулом кунанд. Ҳазор захми паёпай гар иттифоқ афтад, Зи дасти дӯст нашояд, ки интиқом кунанд.
Хубрӯёни ҷафопеша вафо низ кунанд
Хубрӯёни ҷафопеша вафо низ кунанд, Ба касон дард фиристанду даво низ кунанд. Подшоҳони малоҳат чу ба нахҷир раванд, Сайдро пой бибанданду раҳо низ кунанд.
Ин ҷо шакаре ҳаст, ки чандин магасонанд
Ин ҷо шакаре ҳаст, ки чандин магасонанд, Ё булъабе, к-ин ҳама соҳибҳавасонанд. Бас дар талабат саъй намудему нагуфтӣ, К-ин ҳечкасон дар талаби мо чӣ касонанд?
Шӯхӣ макун, эй ёр, ки соҳибназаронанд
Шӯхӣ макун, эй ёр, ки соҳибназаронанд, Бегонаву хеш аз пасу пешат нигаронанд. Кас нест, ки пинҳон назаре бо ту надорад, Ман низ бар онам, ки ҳама халқ бар онанд
Бо дӯст бош, гар ҳама офоқ душмананд
Бо дӯст бош, гар ҳама офоқ душмананд, К-ӯ марҳам аст, агар дигарон неш мезананд. Эй сурате, ки пеши ту хубони рӯзгор Ҳамчун тилисм пои хиҷолат ба домананд.
Дилбаро, пеши вуҷудат ҳама хубон адаманд
Дилбаро, пеши вуҷудат ҳама хубон адаманд, Сарварон бар дари савдои ту хоки қадаманд. Шаҳре андар ҳавасат сӯхта дар оташи ишқ, Халқе андар талабат ғарқаи дарёи ғ

