Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Сарвболое ба саҳро меравад

Сарвболое ба саҳро меравад, Рафтанаш бин, то чӣ зебо меравад. То кадомин боғ аз ӯ хуррамтар аст, К-ӯ ба ромиш кардан он ҷо меравад. Меравад дар роҳу дар аҷзои хок Мурда мегӯяд: Масеҳо меравад. Инчунин бехуд нарафтӣ сангдил, Гар бидонистӣ, ки бар мо меравад. Аҳли дилро гӯ: Нигаҳ доред чашм, К-он парипайкар ба яғмо меравад. Ҳар киро дар шаҳр дид аз марду зан, Дил рабуд, акнун ба саҳро меравад. Офтобу сарв ғайрат мебаранд, К-офтобе сарвболо меравад. Боғро чандон бисот афкандаанд, К-одамӣ бар фарши дебо меравад. Ақлро бо ишқ зӯри панҷа нест, Кори мискин аз мудоро меравад. Саъдиё, дил дар сараш кардию рафт, Балки ҷонаш низ дар по меравад.