Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Хуфтани ошиқ якест бар сари дебову хор
Хуфтани ошиқ якест бар сари дебову хор, Чун натавонад кашид даст дар оғӯши ёр. Гар дигареро шикеб ҳаст зи дидори дӯст, Ман натавонам гирифт бар сари оташ қарор.
Омад гаҳи он ки бӯи гулзор
Омад гаҳи он ки бӯи гулзор Мансух кунад димоғи аттор. Хоб аз сари хуфтагон бадар бурд Бедории булбулони асҳор.
Офтоб аст он парирух ё малоик, ё башар?
Офтоб аст он парирух ё малоик, ё башар? Қомат аст он ё қиёмат, ё алиф, ё найшакар? Гулбун аст он ё тани нозукниҳодаш, ё ҳарир? Оҳан аст он ё дили номеҳрбонаш, ё
Ширин даҳони он бути айёр бингаред
Ширин даҳони он бути айёр бингаред, Дур дар миёни лаъли шакарбор бингаред. Бустони оразаш, ки тамошогаҳи дил аст, Бар наргису бунафшаву гулнор бингаред.
Онак, аз ҷаннати фирдавс яке меояд
Онак, аз ҷаннати фирдавс яке меояд, Ахтаре мегузарад, ё малаке меояд. Ҳар шакарпора, ки дармерасад аз олами ғайб, Бар дили реши азизон намаке меояд.
Туро сарест, ки бо мо фурӯ намеояд
Туро сарест, ки бо мо фурӯ намеояд, Маро диле, ки сабурӣ аз ӯ намеояд. Кадом дида ба рӯи ту боз шуд ҳама умр, Ки оби дида ба рӯяш фурӯ намеояд?
Он на ишқ аст, ки аз дил ба даҳон меояд
Он на ишқ аст, ки аз дил ба даҳон меояд, В-он на ошиқ, ки зи маъшуқ ба ҷон меояд. Гӯ, бирав, дар паси зонуи саломат бинишин, Он ки аз дасти маломат ба фиғон мео
Кӣ баргузашт, ки гӯӣ абир меояд?
Кӣ баргузашт, ки гӯӣ абир меояд? Кӣ меравад, ки чунин дилпазир меояд? Нишони Юсуфи гумкарда медиҳад Яъқуб, Магар зи Миср ба Канъон башир меояд?!
Начандон орзумандам, ки васфаш дар баён ояд
Начандон орзумандам, ки васфаш дар баён ояд, В-агар сад нома бинвисам, ҳикоят беш аз он ояд. Маро ту ҷони ширинӣ, ба талхӣ рафта аз аъзо, Ало, эй ҷон, ба тан бо
Агар он аҳдшикан бо сари мисоқ ояд
Агар он аҳдшикан бо сари мисоқ ояд, Ҷони рафта-ст, ки бо қолаби муштоқ ояд. Ҳама шабҳои ҷаҳон рӯз кунад талъати ӯ, Гар чу субҳеш назар бар ҳама офоқ ояд.
Корвони шакар аз Миср ба Шероз ояд
Корвони шакар аз Миср ба Шероз ояд, Агар он ёри сафаркардаи мо боз ояд. Гӯ, ту боз ой, ки гар хуни манат дархурд аст, Пешат оям чу кабутар, ки ба парвоз ояд.
Ба кӯи лоларухон ҳар кӣ ишқбоз ояд
Ба кӯи лоларухон ҳар кӣ ишқбоз ояд, Умед нест, ки дигар ба ақл боз ояд. Кабутаре, ки дигар ошён нахоҳад дид, Қазо ҳамебарадаш, то ба чанги боз ояд.
Сармаст агар дароӣ, олам ба ҳам барояд
Сармаст агар дароӣ, олам ба ҳам барояд, Хоки вуҷуди моро гард аз адам барояд. Гар партаве зи рӯят дар кунҷи хотир афтад, Хилватнишини ҷонро оҳ аз Ҳарам барояд.
Маро чу орзуи рӯи он нигор ояд
Маро чу орзуи рӯи он нигор ояд, Чу булбулам ҳаваси нолаҳои зор ояд. Миёни анҷуман аз лаъли ӯ чу орам ёд, Маро сиришки чу ёқут дар канор ояд.
Умедвор чунонам, ки кори баста барояд
Умедвор чунонам, ки кори баста барояд, Висол чун ба сар омад, фироқ ҳам ба сар ояд. Ман аз ту сер нагардам, в-агар туруш кунӣ абрӯ, Ҷавоби талх зи ширин муқобил
Марав ба хоб, ки хобат зи чашм бирбояд
Марав ба хоб, ки хобат зи чашм бирбояд, Гарат мушоҳидаи хеш дар хаёл ояд. Маҷоли сабр ҳамин буду мунтаҳои шикеб, Дигар мапой, ки умр ин ҳама намепояд.
Фироқро диле аз санг сахттар бояд
Фироқро диле аз санг сахттар бояд, Маро дилест, ки бо шавқ барнамеояд. Ҳанӯз бо ҳама бадаҳдият дуо гӯям, Биё, в-агар ҳама дашном медиҳӣ, шояд.
Сарве чу ту мебояд, то боғ биёрояд
Сарве чу ту мебояд, то боғ биёрояд, В-ар дар ҳама боғистон сарве набувад, шояд. Дар ақл намегунҷад, дар ваҳм намеояд, К-аз тухми банӣ Одам фарзанди парӣ зояд.
Бахт боз ояд аз он дар, ки яке чун ту дарояд
Бахт боз ояд аз он дар, ки яке чун ту дарояд, Рӯи маймуни ту дидан дари давлат бикушояд. Сабри бисёр бибояд падари пири фалакро, То дигар модари гетӣ чу ту фарз
Ба ҳусни дилбари ман ҳеч дарнамеояд
Ба ҳусни дилбари ман ҳеч дарнамеояд, Ҷуз ин дақиқа, ки бо дӯстон намепояд. Ҳаловатест лаби лаъли обдорашро, Ки дар ҳадис наёяд, чу дар ҳадис ояд.
Нагуфтам, рӯза бисёре напояд
Нагуфтам, рӯза бисёре напояд, Риёзат бигзарад, сахтӣ сар ояд? Пас аз душворӣ осонист ночор, Валекин одамиро сабр бояд.
Чӣ сарв аст он, ки боло менамояд
Чӣ сарв аст он, ки боло менамояд, Инон аз дасти дилҳо мерабояд. Кӣ зод ин сурати манзури маҳбуб? Аз ин сурат, надонам, то чӣ зояд.
Ҳафтае меравад аз умру ба даҳ рӯз кашид
Ҳафтае меравад аз умру ба даҳ рӯз кашид, К-аз гулистони сафо бӯи вафое надамид. Он ки баргашту ҷафо карду ба ҳечам бифурӯхт, Ба ҳама оламаш аз ман натавонанд ха
Он ки нақше дигараш ҷое мусаввар мешавад
Он ки нақше дигараш ҷое мусаввар мешавад, Нақши ӯ дар чашми мо ҳар рӯз хуштар мешавад. Ишқ, донӣ, чист? Султоне ки ҳар ҷо хайма зад, Бехилоф он мамлакат бар вай
Бахт ин кунад, ки рои ту бо мо яке шавад
Бахт ин кунад, ки рои ту бо мо яке шавад, То бишнавад ҳасуду бар ӯ новаке шавад. Хунам бирезу бар сари хокам гузор кун, К-ин ранҷу сахтиям ҳама пеш андаке шавад

