Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Онак, аз ҷаннати фирдавс яке меояд

Онак, аз ҷаннати фирдавс яке меояд, Ахтаре мегузарад, ё малаке меояд. Ҳар шакарпора, ки дармерасад аз олами ғайб, Бар дили реши азизон намаке меояд. То магар ёфта гардад нафасе хидмати ӯ, Нафасе меравад аз умру яке меояд. Саъдиё, лашкари султони ғамаш мулки вуҷуд Ҳам бигирад, ки дамодам язаке меояд.