Агар он аҳдшикан бо сари мисоқ ояд
Агар он аҳдшикан бо сари мисоқ ояд,
Ҷони рафта-ст, ки бо қолаби муштоқ ояд.
Ҳама шабҳои ҷаҳон рӯз кунад талъати ӯ,
Гар чу субҳеш назар бар ҳама офоқ ояд.
Ҳар ғамеро фараҷе ҳаст, валекин тарсам,
Пеш аз онам бикушад заҳр, ки тарёқ ояд.
Бандагӣ ҳеч накардему тамаъ медорем,
Ки худовандӣ аз он сирату ахлоқ ояд.
Гар ҳама сурати хубони ҷаҳон ҷамъ кунанд,
Рӯи зебои ту дебочаи авроқ ояд.
Дигаре гар ҳама эҳсон кунад, аз ман бухл аст,
В-аз ту матбӯъ бувад, гар ҳама эҳроқ ояд.
Сарв аз он пой гирифтаст ба як ҷой муқим,
Ки агар бо ту равад, шармаш аз он соқ ояд.
Бе ту гар боди сабо мезанадам бар дили реш,
Ҳамчунон аст, ки оташ ки ба ҳурроқ ояд.
Гар фироқат накушад, ҷон ба висолат бидиҳам,
Ту гарав бурдӣ, агар ҷуфту агар тоқ ояд.
Саъдиё, ҳар кӣ надорад сари ҷонафшонӣ,
Марди он нест, ки дар ҳалқаи ушшоқ ояд.