Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ёре ба даст кун, ки ба уммеди роҳаташ
Ёре ба даст кун, ки ба уммеди роҳаташ Воҷиб кунад, ки сабр кунӣ бар ҷароҳаташ. Моро кӣ раҳ диҳад ба саропардаи висол? Эй боди субҳдам, хабаре деҳ зи соҳаташ.
Ҳар кӣ бе дӯст мебарад хобаш
Ҳар кӣ бе дӯст мебарад хобаш, Ҳамчунон сабр ҳасту поёбаш. Хоб аз он чашм чашм натвон дошт, Ки зи сар баргузашт селобаш.
Имшаб магар ба вақт намехонад ин хурӯс?!
Имшаб магар ба вақт намехонад ин хурӯс?! Ушшоқ бас накарда ҳанӯз аз канору бӯс. Пистони ёр дар хами гесӯи тобдор Чун гӯи оҷ дар хами чавгони обнӯс.
Бӯи баҳор омад, бинол, эй булбули шириннафас
Бӯи баҳор омад, бинол, эй булбули шириннафас, В-ар пойбандӣ ҳамчу ман, фарёд мехон аз қафас. Гиранд мардум дӯстон номеҳрбону меҳрбон, Ҳар рӯз хотир бо яке, мо х
Соқии симтан, чӣ хусбӣ? Хез!
Соқии симтан, чӣ хусбӣ? Хез! Оби шодӣ бар оташи ғам рез! Бӯсае бар канори соғар неҳ, Пас бигардон шароби шаҳдомез,
Пайванди рӯҳ мекунад ин боди мушкбез
Пайванди рӯҳ мекунад ин боди мушкбез, Ҳангоми навбати саҳар аст, эй надим, хез! Шоҳид бихону шамъ бияфрӯзу май бинеҳ, Анбар бисою уд бисӯзону гул бирез!
Муборактар шабу хуррамтарин рӯз
Муборактар шабу хуррамтарин рӯз Ба истиқболам омад бахти фирӯз. Дуҳулзан, гӯ, ду навбат зан башорат, Ки дӯшам Қадр буд, имрӯз Наврӯз.
Баромад боди субҳу бӯи Наврӯз
Баромад боди субҳу бӯи Наврӯз Ба коми дӯстону бахти фирӯз. Муборак бодат ин солу ҳама сол, Ҳумоюн бодат ин рӯзу ҳама рӯз!
Бузург давлати он, к-аз дараш ту оӣ боз
Бузург давлати он, к-аз дараш ту оӣ боз, Биё, биё, ки ба хайр омадӣ, куҷоӣ боз? Рухе, к-аз ӯ мутасаввар намешавад ором, Чаро намудию дигар наменамоӣ боз?
Мутақаллиб даруни ҷомаи ноз
Мутақаллиб даруни ҷомаи ноз Чӣ хабар дорад аз шабони дароз? Оқил анҷоми ишқ мебинад, То ҳам аввал намекунад оғоз.
Эй ба хулқ аз ҷаҳониён мумтоз
Эй ба хулқ аз ҷаҳониён мумтоз, Чашми халқе ба рӯи хуби ту боз. Лозим аст, он ки дорад ин ҳама лутф, Ки таҳаммул кунандаш ин ҳама ноз.
Мо дар ин шаҳр ғарибему дар ин мулк фақир
Мо дар ин шаҳр ғарибему дар ин мулк фақир, Ба каманди ту гирифтору ба доми ту асир. Дари офоқ кушодаст, валекин бастаст Аз сари зулфи ту дар пои дили мо занҷир.
Фитнаам бар зулфу болои ту, эй бадри мунир
Фитнаам бар зулфу болои ту, эй бадри мунир, Қомат аст он ё қиёмат, анбар аст он ё абир? Гар шудам дар роҳи савдо, раҳнамоё, раҳ намой, Шахсам аз пой андаромад,
Дил баргирифтӣ аз барам, эй дӯст, даст гир
Дил баргирифтӣ аз барам, эй дӯст, даст гир, К-аз даст меравад сарам, эй дӯст, даст гир. Шарт аст дастгирии дармондагону бас, Ҳар рӯз нотавонтарам, эй дӯст, даст
Эй писари дилрабо в-эй қамари дилпазир
Эй писари дилрабо в-эй қамари дилпазир, Аз ҳама бошад гурез в-аз ту набошад гузир. То ту мусаввар шудӣ дар дили яктои ман, Ҷои тасаввур намонд дигарам андар зам
Аз ҳама бошад ба ҳақиқат гузир
Аз ҳама бошад ба ҳақиқат гузир, В-аз ту набошад, ки надорӣ назир. Машраби ширин набувад бе зиҳом, Даъвати мунъим набувад бе фақир.
Он кист, ки меравад ба нахҷир
Он кист, ки меравад ба нахҷир, Пои дили дӯстон ба занҷир. Ҳамшираи ҷодувони Бобил, Ҳамсояи луъбатони Кашмир.
Парвона намешикебад аз дур
Парвона намешикебад аз дур, В-ар қасд кунад, бисӯзадаш нур. Ҳар кас ба тааллуқе гирифтор, Соҳибназарон ба ишқи манзур.
Ба фалак мерасад аз рӯи чу хуршеди ту нур
Ба фалак мерасад аз рӯи чу хуршеди ту нур, Қул, ҳуваллоҳу аҳад, чашми бад аз рӯи ту дур! Одамӣ чун ту дар офоқ нишон натвон дод, Балки дар ҷаннати фирдавс набош
Ҳар шаб андешаи дигар кунаму рои дигар
Ҳар шаб андешаи дигар кунаму рои дигар, Ки ман аз дасти ту фардо биравам ҷои дигар. Бомдодон, ки бурун мениҳам аз манзил пой, Ҳусни аҳдам нагузорад, ки ниҳам по
Ёр он бувад, ки сабр кунад бар ҷафои ёр
Ёр он бувад, ки сабр кунад бар ҷафои ёр, Тарки ризои хеш кунад дар ризои ёр. Гар бар вуҷуди ошиқи содиқ ниҳанд теғ, Бинад хатои хешу набинад хатои ёр.
Эй сабр, пой дор, ки паймон шикаст ёр
Эй сабр, пой дор, ки паймон шикаст ёр, Корам зи даст рафту наёмад ба даст ёр. Бархост оҳам аз дилу дар хун нишаст чашм, Ё Раб, зи ман чӣ хост, ки бе ман нишаст
Шарт аст ҷафо кашидан аз ёр
Шарт аст ҷафо кашидан аз ёр, Хамр асту хумору гулбуну хор. Ман муътақидам, ки ҳар чӣ гӯӣ, Ширин бувад аз лаби шакарбор.
Зинда кадом аст бари ҳушёр?
Зинда кадом аст бари ҳушёр? Он ки бимирад ба сари кӯи ёр. Ошиқи девонаи сармастро Панди хирадманд наёяд ба кор.
Давлати ҷонпарвар аст суҳбати омезгор
Давлати ҷонпарвар аст суҳбати омезгор, Хилвати бемуддаъӣ – суфраи беинтизор. Охири аҳди шаб аст аввали субҳ, эй надим, Субҳи дувум боядат, сар зи гиребон барор.

