Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Гарам боз омадӣ маҳбуби симандоми сангиндил
Гарам боз омадӣ маҳбуби симандоми сангиндил, Гул аз хорам баровардию хор аз пову по аз гил. Аё боди саҳаргоҳӣ, к-аз ин шаб рӯз мехоҳӣ, Аз он хуршеди хиргоҳӣ бар
Соқӣ, бидеҳ он шароби гулранг
Соқӣ, бидеҳ он шароби гулранг, Мутриб, бизан он навой бар чанг, К-аз зуҳд надидаам футӯҳе, То кай занам обгина бар санг?
Ба умри хеш надидам шабе, ки мурғи дилам
Ба умри хеш надидам шабе, ки мурғи дилам Нахонд бар гули рӯят, чӣ ҷои булбули боғ? Таро фароғати мо гар бувад, в-агар набувад, Маро ба рӯи ту, аз ҳар кӣ олам ас
Ёри бегона нагирад, ҳар кӣ дорад ёри хеш
Ёри бегона нагирад, ҳар кӣ дорад ёри хеш, Эй ки дасте чарб дорӣ, пештар девори хеш. Хидмататро ҳар кӣ фармоӣ, камар бандад ба тавъ, Лекин он беҳтар, ки фармоӣ б
Гарам қабул кунӣ, в-ар биронӣ аз бари хеш
Гарам қабул кунӣ, в-ар биронӣ аз бари хеш, Нагардам аз ту, в-агар худ фидо кунам сари хеш. Ту донӣ, ар бинавозӣ, в-агар бияндозӣ, Чунон ки бар дилат оят ба рои
Ҳар касеро ҳавасе дар сару коре дар пеш
Ҳар касеро ҳавасе дар сару коре дар пеш, Мани бекор гирифтори ҳавои дили хеш. Ҳаргиз андеша накардам, ки ту бо ман бошӣ, Чун ба даст омадӣ, эй луқмаи аз ҳавсала
Гардан афроштаам бар фалак аз толиъи хеш
Гардан афроштаам бар фалак аз толиъи хеш, К-ин манам бо ту гирифта раҳи саҳро дар пеш. Умрҳо будаам андар талаби чоракунон, Солҳо гаштаам аз дасти ту дастонанде
Диле кӣ дид, ки ғоиб шудаст аз ин дарвеш
Диле кӣ дид, ки ғоиб шудаст аз ин дарвеш, Гирифта аз сари мастию ошиқӣ сари хеш? Ба дасти он ки фитодаст, агар мусулмон аст, Магар ҳалол надорад мазолими дарвеш
Гар яке аз ишқ барорад хурӯш
Гар яке аз ишқ барорад хурӯш, Бар сари оташ на ғариб аст ҷӯш. Пираҳане гар бидарад з-иштиёқ, Домани афваш ба гунаҳ-бар бипӯш.
Рафтию намешавӣ фаромӯш
Рафтию намешавӣ фаромӯш, Меоию меравам ман аз ҳуш. Сеҳр аст камони абрувонат, Пайваста кашида то буногӯш.
Якеро дасти ҳасрат бар буногӯш
Якеро дасти ҳасрат бар буногӯш, Яке бо он ки мехоҳад, дар оғӯш. Надонад дӯш бар дӯши ҳарифон, Ки танҳомонда чун хуфт аз ғамаш дӯш?
Қиёмат бошад он қомат дар оғӯш
Қиёмат бошад он қомат дар оғӯш, Шароби Салсабил аз чашмаи нӯш. Ғуломи кист он луъбат, ки моро Ғуломи хеш карду ҳарқадаргӯш.
Хато кардӣ ба қавли душманон гӯш
Хато кардӣ ба қавли душманон гӯш, Ки аҳди дӯстон кардӣ фаромӯш. Кӣ гуфт, он рӯи шаҳророй бинмой? Дигар бораш, ки бинмудӣ, фаропӯш.
Ҳар кӣ савдои ту дорад, чӣ ғам аз ҳар кӣ ҷаҳонаш?
Ҳар кӣ савдои ту дорад, чӣ ғам аз ҳар кӣ ҷаҳонаш? Нигарони ту чӣ андешаву бим аз дигаронаш? Он паи меҳри ту гирад, ки нагирад паи хешаш, В-он сари васли ту дора
Ҳар кӣ ҳаст илтифот бар ҷонаш
Ҳар кӣ ҳаст илтифот бар ҷонаш, Гӯ, мазан лофи меҳри ҷононаш. Дарди ман бар ман аз табиби ман аст, Аз кӣ ҷӯям давову дармонаш?
Зинҳор аз даҳони хандонаш
Зинҳор аз даҳони хандонаш, В-оташи лаълу оби дандонаш. Магар он доя, к-ин санам парвард, Шаҳд будаст шири пистонаш?
Хуш аст дард, ки бошад умеди дармонаш
Хуш аст дард, ки бошад умеди дармонаш, Дароз нест биёбон, ки ҳаст поёнаш. На шарти ишқ бувад бо камони абруи дӯст, Ки ҷон сипар накунӣ пеши тирборонаш.
Раҳо намекунад айём дар канори манаш
Раҳо намекунад айём дар канори манаш, Ки доди худ биситонам ба бӯса аз даҳанаш. Ҳамон каманд бигирам, ки сайди хотири халқ Бад-он ҳамекунаду даркашам ба хештана
Чун баромад моҳрӯй аз матлаъи пироҳанаш
Чун баромад моҳрӯй аз матлаъи пироҳанаш, Чашми бадро, гуфтам, алҳамде бидам пироманаш. То чӣ хоҳад кард бо ман даври гетӣ з-ин ду кор: Дасти ӯ бар гарданам, ё х
Даст ба ҷон намерасад, то ба ту барфишонамаш
Даст ба ҷон намерасад, то ба ту барфишонамаш, Бар кӣ тавон ниҳод дил, то зи ту воситонамаш? Қуввати шарҳи ишқи ту нест забони хомаро, Гирди дари умеди ту чанд б
Кас надидаст ба ширинию лутфу нозаш
Кас надидаст ба ширинию лутфу нозаш, Кас набинад, ки нахоҳад, ки бибинад бозаш. Мутриби моро дардест, ки хуш менолад, Мурғи ошиқ тарабангез бувад овозаш.
Ҳар кӣ номеҳрбон бувад ёраш
Ҳар кӣ номеҳрбон бувад ёраш, Воҷиб аст эҳтимоли озораш. Тоқати рафтанам намемонад, Чун назар мекунам ба рафтораш.
Ҳар кӣ нозук бувад тани ёраш
Ҳар кӣ нозук бувад тани ёраш, Гӯ, дили нозанин нигаҳ дораш. Ошиқи гул дурӯғ мегӯяд, Ки таҳаммул намекунад хораш.
Хиҷил аст сарви бустон бари қомати баландаш
Хиҷил аст сарви бустон бари қомати баландаш, Ҳама сайди ақл гирад хами зулфи чун камандаш. Чу дарахти қоматаш дид сабо, ба ҳам баромад, Зи чаман наруст сарве, к
Он ки ҳалоки ман ҳамехоҳаду ман саломаташ
Он ки ҳалоки ман ҳамехоҳаду ман саломаташ, Ҳар чӣ кунад зи шоҳидӣ, кас накунад маломаташ. Мева намедиҳад ба кас, боғи тафарруҷ асту бас, Ҷуз ба назар намерасад

