Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Қиёмат бошад он қомат дар оғӯш

Қиёмат бошад он қомат дар оғӯш, Шароби Салсабил аз чашмаи нӯш. Ғуломи кист он луъбат, ки моро Ғуломи хеш карду ҳарқадаргӯш. Парипайкар буте, к-аз сеҳри чашмаш Наёмад хоб дар чашмони ман дӯш. На ҳар вақтам ба ёди хотир ояд, Ки худ ҳаргиз намегардад фаромӯш. Ҳалолаш бод, агар хунам бирезад, Ки сар дар пои ӯ хуштар, ки бар дӯш. Насиҳатгӯи мо ақле надорад, Бирав, гӯ, дар салоҳи хештан кӯш! Дуҳул зери гилем аз халқ пинҳон Нашояд карду оташ зери сарпӯш. Биё, эй дӯст, в-ар душман бибинад, Чӣ хоҳад кард? Гӯ: Мебину меҷӯш! Ту аз мо фориғу мо бо ту ҳамроҳ, Зи мо фарёд меояд, ту хомӯш. Ҳадиси ҳусни хеш аз дигаре пурс, Ки Саъдӣ дар ту ҳайрон асту мадҳуш.