Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ман ҳамон рӯз, ки он хол бидидам, гуфтам
Ман ҳамон рӯз, ки он хол бидидам, гуфтам: Бими он аст бад-ин дона, ки дар дом уфтам. Ҳаргиз ошуфтаи рӯе нашудам ё мӯе, Магар акнун, ки ба рӯи ту чу мӯй ошуфтам.
Чу ту омадӣ, маро бас, ки ҳадиси хеш гуфтам
Чу ту омадӣ, маро бас, ки ҳадиси хеш гуфтам, Чу ту истода бошӣ, адаб он ки ман биюфтам. Ту агар чунин латиф аз дари бӯстон дароӣ, Гули сурх шарм дорад, ки чаро
Дил пеши туву дида ба ҷои дигарастам
Дил пеши туву дида ба ҷои дигарастам, То хасм надонад, ки туро менигаристам. Рӯзе бадар оям ман аз ин пардаи номус, Ҳар ҷо ки буте чун ту бибинам, бипарастам.
Ман худ, эй соқӣ, аз ин шавқ ки дорам, мастам
Ман худ, эй соқӣ, аз ин шавқ ки дорам, мастам, Ту ба як ҷуръаи дигар бибарӣ аз дастам. Ҳар чӣ кӯтаҳназаронанд, бар эшон паймой, Ки ҳарифон зи мулу ман зи таамму
Гар халқ бидонанд, ки ман ошиқу мастам
Гар халқ бидонанд, ки ман ошиқу мастам, Овоза дуруст аст, ки ман тавба шикастам. Гар душманам изо кунаду дӯст маломат, Ман фориғам, аз ҳар чӣ бигӯянд, ки ҳастам
Ба хоки пои азизат, ки аҳд нашкастам
Ба хоки пои азизат, ки аҳд нашкастам, Зи ман буридию бо ҳеч кас напайвастам. Куҷо равам, ки бимирам бар остони умед? Агар ба домани васлат намерасад дастам.
Ман андар худ намеёбам, ки рӯй аз дӯст бартобам
Ман андар худ намеёбам, ки рӯй аз дӯст бартобам, Бидор, эй дӯст, даст аз ман, ки тоқат рафту поёбам. Танам фарсуду ақлам рафту ишқам ҳамчунон боқӣ, В-агар ҷонам
Рӯзгорест, ки савдозадаи рӯи туам
Рӯзгорест, ки савдозадаи рӯи туам, Хобгаҳ нест, магар хоки сари кӯи туам. Ба ду чашми ту, ки шӯридатар аз бахти ман аст, Ки ба рӯи ту ман ошуфтатар аз мӯи туам.
Маро ду дида ба роҳу ду гӯш бар пайғом
Маро ду дида ба роҳу ду гӯш бар пайғом, Ту мустариҳу ба афсӯс меравад айём. Шабе напурсию рӯзе, ки дӯстдоронам Чӣ гуна шаб ба саҳар мебаранду рӯз ба шом.
Моҳ чунин кас надид хушсухану кашхиром
Моҳ чунин кас надид хушсухану кашхиром, Моҳи муборактулӯъ, сарви қиёматқиём. Сарв дарояд зи пой, гар ту биҷунбӣ зи ҷой, Моҳ бияфтад ба зер, чун ту бароӣ ба бом.
Шамъ бихоҳад нишаст, бознишин, эй ғулом
Шамъ бихоҳад нишаст, бознишин, эй ғулом, Рӯи ту дидан ба субҳ рӯз намояд тамом. Мутриби ёрон бирафт, соқии мастон бихуфт, Шоҳиди мо барқарор, маҷлиси мо бардаво
Соқиё, май деҳ, ки мурғи субҳи бом
Соқиё, май деҳ, ки мурғи субҳи бом Рух намуд аз байзаи зангорфом. Дар димоғи майпарастон бозкуш Оташи савдо ба оби чашми ҷом.
Зиҳӣ, саодати ман, к-им ту омадӣ ба салом
Зиҳӣ, саодати ман, к-им ту омадӣ ба салом, Хуш омадию алайкассалому ва-л-икром. Қиём хостамат кард, ақл мегӯяд: Макун, ки шарти адаб нест пеши сарв қиём.
Ҳикоят аз лаби шириндаҳони симандом
Ҳикоят аз лаби шириндаҳони симандом Тафовуте накунад, гар дуост ё дашном. Ҳарифи дӯст, ки аз хештан хабар дорад, Шароби сирфи муҳаббат нахурдааст тамом.
Чу булбули саҳарӣ баргирифт навбати бом
Чу булбули саҳарӣ баргирифт навбати бом, Зи тавбахонаи танҳоӣ омадам бар бом. Нигоҳ мекунам аз пеши рояти хуршед, Ки мебарад ба уфуқ парчами сипоҳи залом.
Интабиҳ қабла-с-саҳар, ё залманом
Интабиҳ қабла-с-саҳар, ё залманом, Навбати ишрат бизан, пеш ор ҷом, То савори ақл бардорад даме Табъи шӯрангезро даст аз лигом.
Вақтҳо як дам баросудӣ танам
Вақтҳо як дам баросудӣ танам, Қола мавлоӣ литарфӣ ло танам. Исқиёнӣ ва-д-даъонӣ ифтазаҳ, Ишқу мастурӣ наёмезад ба ҳам.
Рафиқи меҳрбону ёри ҳамдам
Рафиқи меҳрбону ёри ҳамдам Ҳама кас дӯст медоранду ман ҳам. Назар бо некувон расмест маъҳуд, На ин бидъат ман овардам ба олам.
Ҷоно, ҳазорон офарин бар ҷонат аз сар то қадам
Ҷоно, ҳазорон офарин бар ҷонат аз сар то қадам, Сонеъ Худое, к-ин вуҷуд овард берун аз адам. Хуршед бар сарви равон дигар надидам дар ҷаҳон, Васфат нагунҷад дар
Нишаста будаму хотир ба хештан машғул
Нишаста будаму хотир ба хештан машғул, Дари сарой ба ҳам карда аз хуруҷу духул. Шаби дароз ду чашмам бар остони умед, Ки бомдод дари ҳуҷра мезанад маъмул.
Ман истодаам, инак, ба хидматат машғул
Ман истодаам, инак, ба хидматат машғул, Маро аз он чӣ, ки хидмат қабул ё на қабул? На дасти бо ту даровехтан, на пои гурез, На эҳтимоли фироқу на ихтиёри вусул.
Бедил гумон мабар, ки насиҳат кунад қабул
Бедил гумон мабар, ки насиҳат кунад қабул, Ман гӯши истимоъ надорам, лиман яқул. То ақл доштам, нагирифтам тариқи ишқ, Ҷое дилам бирафт, ки ҳайрон шавад уқул.
Чашми бадат дур, эй бадеъшамоил
Чашми бадат дур, эй бадеъшамоил, Ёри ману шамъи ҷамъу шоҳи қабоил! Ҷилвакунон меравию боз миёӣ, Сарв надидам бад-ин сифат мутамоил.
Ҷазои он ки нагуфтем шукри рӯзи висол
Ҷазои он ки нагуфтем шукри рӯзи висол, Шаби фироқ нахуфтем лоҷарам зи хаёл. Бидор як нафас, эй қоид, ин зимоми ҷимол, Ки дида сер намегардад аз назар ба ҷамол,
Маро расад, ки барорам ҳазор нола чу булбул
Маро расад, ки барорам ҳазор нола чу булбул, Ки эҳтимол надорам зи дӯстон варақе гул. Хабар баред ба булбул, ки аҳд мешиканад гул, Ту низ, агар битавонӣ, бибанд

