Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Маро расад, ки барорам ҳазор нола чу булбул

Маро расад, ки барорам ҳазор нола чу булбул, Ки эҳтимол надорам зи дӯстон варақе гул. Хабар баред ба булбул, ки аҳд мешиканад гул, Ту низ, агар битавонӣ, бибанд бори таҳаввул. Агарчи молики риққию подшоҳи баҳаққӣ, Ҳамат ҳалол набошад зи хуни банда тағофул. Ту он каманд надорӣ, ки ман халос биёбам, Асир мондаму дармон таҳаммул асту тазаллул. Вафову аҳду мурувват миёни аҳли иродат На чун бақои шукуфа-сту ишқбозии булбул. Маро, ки чашми иродат ба рӯю мӯи ту бошад, Далели сидқ набошад назар ба лолаву сунбул. Ту худ тааммули Саъдӣ намекунӣ, ки бибинӣ, Ки ҳеч бор надидат, ки сер шуд зи тааммул.