Ба фалак мерасад аз рӯи чу хуршеди ту нур
Ба фалак мерасад аз рӯи чу хуршеди ту нур,
Қул, ҳуваллоҳу аҳад, чашми бад аз рӯи ту дур!
Одамӣ чун ту дар офоқ нишон натвон дод,
Балки дар ҷаннати фирдавс набошад чу ту ҳур.
Ҳур фардо, ки чунин рӯи биҳиштӣ бинад,
Гараш инсоф бувад, муътариф ояд ба қусур.
Шаби мо рӯз набошад, магар он гоҳ, ки ту
Аз шабистон бадар оӣ чу сабоҳ аз дайҷур.
Зиндагонро на аҷаб, гар ба ту майле бошад,
Мурдагон бознишинанд ба ишқат зи қубур.
Он баҳоим натавон гуфт, ки ҷоне дорад,
Ки надорад назаре бо чу ту зебоманзур.
Сеҳри чашмони ту ботил накунад чашмовез,
Маст чандон ки бикӯшанд, набошад мастур.
Ин ҳаловат, ки ту дорӣ, на аҷаб, к-аз дастат
Асалӣ дӯзаду зуннор бибандад занбур.
Ончи дар ғайбатат, эй дӯст, ба ман мегузарад,
Натавонам, ки ҳикоят кунам, илло ба ҳузур.
Манам имрӯзу ту ангуштнамои зану мард,
Ман ба ширинсуханӣ, ту ба накӯӣ машҳур.
Сахтам ояд, ки ба ҳар дида туро менигаранд,
Саъдиё, ғайратат омад, на аҷаб Саъди ғаюр.