Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Нагуфтам, рӯза бисёре напояд

Нагуфтам, рӯза бисёре напояд, Риёзат бигзарад, сахтӣ сар ояд? Пас аз душворӣ осонист ночор, Валекин одамиро сабр бояд. Рух аз мо то ба кай пинҳон кунад ид? Ҳилол, онак, ба абрӯ менамояд. Саробустон дар ин мавсим чӣ бандӣ? Дараш бикшой, то дил баркушояд. Ғуломонро бигӯ, то уд сӯзанд, Канизакро бигӯ, то мушк сояд, Ки пиндорам, нигори сарвболо Дар ин дам таҳниятгӯён дарояд. Саворон ҳалқа бирбуданду он шӯх Ҳанӯз аз ҳалқаҳо дил мерабояд. Чу ёр андар ҳадис ояд ба маҷлис, Муғанниро бигӯ, то кам сарояд, Ки шеър андар чунин маҷлис нагунҷад, Вале, гар гуфтаи Саъдист, шояд.