Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ин ҷо шакаре ҳаст, ки чандин магасонанд

Ин ҷо шакаре ҳаст, ки чандин магасонанд, Ё булъабе, к-ин ҳама соҳибҳавасонанд. Бас дар талабат саъй намудему нагуфтӣ, К-ин ҳечкасон дар талаби мо чӣ касонанд? Эй қофиласолор, чунин гарм чӣ ронӣ? Оҳиста, ки дар кӯҳу камар бозпасонанд. Сад машъала афрӯхта гардад ба чароғе, Ин нур ту дорию дигар муқтабасонанд. Ман қалбу лисонам ба вафодорию суҳбат, В-инон ҳама қалбанд, ки пеши ту лисонанд. Онон ки шаб ором нагиранд зи фикрат, Чун субҳ падид аст, ки содиқнафасонанд. В-онон ки ба дидор чунон майл надоранд, Савганд тавон хурд, ки беақлу хасонанд. Донӣ, чӣ ҷафо меравад аз дасти рақибат, Ҳайф аст, ки тӯтию заған ҳамқафасонанд. Дар толиъи ман нест, ки наздики ту бошам, Мегӯямат аз дур дуо, гар бирасонанд.