Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Гулбунон пироя бар худ кардаанд

Гулбунон пироя бар худ кардаанд, Булбулонро дар самоъ овардаанд. Соқиёни лоуболӣ дар тавоф, Ҳуши майхорони маҷлис бурдаанд. Ҷуръае хурдему кор аз даст рафт, То чӣ беҳушона дар май кардаанд? Мо ба як шарбат чунин бехуд шудем, Дигарон чандин қадаҳ чун хурдаанд? Оташ андар пухтагон афтоду сӯхт, Хомтабъон ҳамчунон афсурдаанд. Хайма берун бар, ки фаррошони бод Фарши дебо дар чаман густардаанд. Зиндагонӣ чист? Мурдан пеши дӯст, К-ин гурӯҳи зиндагон дилмурдаанд. То ҷаҳон будаст, ҷаммошони гул Аз силаҳдорони хор озурдаанд. Ошиқонро кушта мебинанд халқ, Бишнав аз Саъдӣ, ки ҷон парвардаанд.