Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дар чашми осмоният дидам шарорае,
Дар чашми осмоният дидам шарорае, Гӯӣ шарораи дили пуроташи ман аст. Дар осмони чашми ту дидам ситорае, Гӯӣ ситораи дили меҳнаткаши ман аст.
Меомадӣ парида сӯи канори ошиқ,
Меомадӣ парида сӯи канори ошиқ, Аз тирамоҳи дунё сӯи баҳори ошиқ, Аз интизори ошиқ то ифтихори ошиқ. Аз хештан бурида меомадӣ ба дида,
УЗРИ ЛАНГ...
Туро ман мешиносам, тухми носабзидаи деҳқон, Ки мемонӣ ба шеъри носуруда, Ё насиби норабуда, Ё умеду орзуи монда дар дил,
Ман ба ҳар ҷое, ки рафтам,
Ман ба ҳар ҷое, ки рафтам, Раҳ ба раҳ хондам тарона, Мондам аз худ як ҳақиқат, Мондам аз худ як фасона.
Ҳарчанд дурӣ аз ману аз ошёни ман,
Ҳарчанд дурӣ аз ману аз ошёни ман, Бо меҳри худ нишастаӣ дар мағзи ҷони ман. Дар олами хаёлие, эй меҳрубони ман, Аз дур ҳар нафас маро фарёд мекунӣ.
Навбаҳор омад, гули ман,
Навбаҳор омад, гули ман, Бе ту бо борон гиристам. Бе ту бе ашки намоён Дар бари ёрон гиристам.
Боз дарёву боз кӯҳаи мавҷ
Боз дарёву боз кӯҳаи мавҷ Об мезад ба оташи дили ман. Боз ҳам шавқу шӯри дарёӣ Буд баҳри навозиши дили ман.
Эй бурҷи хаёлҳои ширин,
Эй бурҷи хаёлҳои ширин, Наздик биё, ки даст гирам. Ё домани ту ба даст орам, Ё чашм ба сӯи ту бимирам.
Ҳар гаҳ аз раҳ гузарӣ, медонам,
Ҳар гаҳ аз раҳ гузарӣ, медонам, Зи раҳи манзили ман мегузарӣ. Аз тапишҳои дилат мехонам, Ки зи роҳи дили ман мегузарӣ.
Аз миёни кӯчаҳо чун бигзарӣ,
Аз миёни кӯчаҳо чун бигзарӣ, Хонуми зебои атласпираҳан, Ёдам ояд сарфарозиҳои ту, Ёдам ояд саргарониҳои ман.
Боз баъди сафари дуру дароз
Боз баъди сафари дуру дароз Шафақи рӯи туро мебинам. Боз дар чашми ту бо аҷзу ниёз, Шарҳи сад чуну чаро мебинам.
Ту шеъри Саъдӣ мехондию ман рӯи ту медидам,
Ту шеъри Саъдӣ мехондию ман рӯи ту медидам, Ман аз ҳар байти Саъдӣ байти абрӯи ту медидам. Чу шеъри дард мехондӣ зи ишқу аз шикасти бахт, Дили худро шикаста дар
Ташнаам, ташнаи дидори худоёнаи ту,
Ташнаам, ташнаи дидори худоёнаи ту, Ташнаам, ташнаи оғӯши пурафсонаи ту. Ташнаам бо ҳама девонагию мастии хеш, То шиносанд маро ошиқи девонаи ту.
Бо ту будам соате, то умри дигар ёфтам,
Бо ту будам соате, то умри дигар ёфтам, Муфлисе будам, ки ногаҳ хирмани зар ёфтам. Бо ту бикшодам тилисми розҳои сарбамуҳр Бар ҷаҳони ҳусну зебоии дил дар ёфтам
ЭЙ ДАРАХТИ БЕЗАБОН
Худ табарро даста бидҳӣ, То бибуррад решаатро. Мебурандат, Мебарандат,
ХУШКРӮД
Хушкрӯди зормонда зери гардун! Соҳилонат як замон пуроб буданд. Дар дили ту чун фурӯғи зиндагонӣ Ахтарон дар ҳалқаи маҳтоб буданд.
Дар баҳори сабз мисли рӯи ту
Дар баҳори сабз мисли рӯи ту Рӯзи ҷашни шоири машҳур буд, Ман туро дидам чу шеъри тозае, Чашмҳои душманонам кӯр буд.
Ман ки мурдам, ба рӯи турбати ман
Ман ки мурдам, ба рӯи турбати ман Нутқҳои дароз кам гӯед. Монда айнак ба чашму аз коғаз Шарҳи сӯзу гудоз кам гӯед.
Он чунон гоҳ меравам аз худ,
Он чунон гоҳ меравам аз худ, Ки замину замон намедонам. Он қадар гаҳ ба хеш меоям, К-аз ҳама бехудӣ пушаймонам.
Эй Табиат!
Эй Табиат! Рӯзи дафнам Боз як он зиндаам кун, То бидонам, дӯстонам дар чӣ ҳоланд,
ЭЙ ОБШОР
Эй обшор! Духтари гирёни кӯҳсор Мурдаст ошиқат магар, фарёд мекунӣ? Мӯят парешу қоматат ларзону хамзада,
ПАНҶАҲОИ БОРБАД
«Устоди ағонӣ ва нағамот Бор- бад ба созу навои хеш Эронзаминро бар халифаҳои аъроб шӯр ангезонид, чун ин қасдаш натиҷа надод,
МИҚДОРИ ОДАМ
Панҷ милярд одами ошуфтаҷон Зиндагӣ дорад ба зери осмон. Наҳси Кайвон бас набуд, ки боз ӯ Бими ҷон дорад зи «ҷанги ахтарон»?
Пеши ман омад ба арза,
Пеши ман омад ба арза, Чун бидидам, ки асабҳояш заифанд, Содатар кардам суолам: «Ку, чӣ хидмат?»
САДБАРГ
Гули садбарг меорӣ ту ҳар субҳ, Ба гулдон мегузорӣ шодмона. Латифу содаӣ худ мисли садбарг, Дилат чун шохаи гул пурҷавона.

