Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

САДБАРГ

Гули садбарг меорӣ ту ҳар субҳ, Ба гулдон мегузорӣ шодмона. Латифу содаӣ худ мисли садбарг, Дилат чун шохаи гул пурҷавона. Гули садбарг меорӣ ту ҳар субҳ, Ки дунё қимати як барги он нест. Агарчанде ки аз гулзори дунё Барои ман гули рӯи ту кофист. Гули садбарг меорӣ ту ҳар субҳ, На аз гулзор, аз гулзори дидор. Гули рӯи туро хоҳам шукуфо Ман аз гулхонаи додори додор. Гули садбарг меорӣ ту ҳар субҳ, Маро вомераҳонӣ аз ғами марг. Зи сад гул як гулат бишкуфта бошад Ба сони он ҳама сад барги садбарг.