Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Бо ту будам соате, то умри дигар ёфтам,

Бо ту будам соате, то умри дигар ёфтам, Муфлисе будам, ки ногаҳ хирмани зар ёфтам. Бо ту бикшодам тилисми розҳои сарбамуҳр Бар ҷаҳони ҳусну зебоии дил дар ёфтам. Як дам аз чашми бади дунё ниҳон будем мо, Лаб ба лаб бинҳодаву лабташнагон будем мо. Дар канори зиндагӣ як дам канор андар канор Фориғ аз кори ҷаҳон андар ҷаҳон будем мо. Дасти кӯтаҳ доштам то соиди симини ту, То чӣ ҷои он, ки хоҳам гӯшаи болини ту. Метапидам бо умеди бахту мегуфтам ба дил, Талх бошад зиндагӣ бе хандаи ширини ту. Ин дами хуш ҳам гузашту боз ҳам хоҳад гузашт, Умри мо бо ёди ин дам дам ба дам хоҳад гузашт. Эй басо дарё бихушкад, то бидонад рӯзгор Мисли мо дарёдиле аз даҳр кам хоҳад гузашт.