Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
БАРОИ СОҲИБНАЗАРОН
Равшангаромон ноаҳлу кӯранд, Наздикҳомон аз хеш дуранд. Чун кӯҳҳомон то пурсукутем, То санги куҳҳо санги сабуранд,
ЗАРАФШОН, МОДАРИ ЗОРАМ...
Зарафшоно, чӣ монд аз он зарафшонит? Зарафшон, модари ҷон, шӯри пешонит! Зарафшоно, ки мегӯяд зарафшонӣ? Зарафшоно, ту ҳоло заҳрафшонӣ!
ТАНЗЕ АНДАР ФИРОҚИ ВИҶДОН
Адофаҳм агар ҳаст хонандаам, Адофаҳмияшро ба ҷон бандаам. Нагуфтам «бимирад», ки боиста нест, Ба покони айём шоиста нест.
ТАНЗЕ АНДАР ФИРОҚИ СОБУН
Замоно, ду-се кулча собун фирист, Ки бо ашк рӯ шустанам дур нест. Чунон сер гаштем аз ваъдаҳо, Ки ваъда кунад қай ҳама меъдаҳо.
БА ЯҒНОБИИ ВАТАНХАРОБ
Мулки бо моҳу ба хуршед қаринам, Яғноб, Падару модари вайронанишинам, Яғноб. Бар алайҳи ҳама онон, ки ғаминат карданд, Кошки рӯи туро шод бибинам, Яғноб.
ЗАМИНЛАРЗА
Имшаб ҳама деворҳо Ларзид аз озорҳо. Гӯё ки ҷони одамон Ованг шуд дар дорҳо.
ЗАНГӮЛАИ БЕДОРӢ
(Ё ишора ба даъвогарони суст) Зангӯлаи бедорӣ шуморо огоҳ мекунад: Чун дарёҳотон дарёи дил нест, дарё дарёи шумо нест.
Зиндагӣ пираҳани афсурдаст,
Зиндагӣ пираҳани афсурдаст, Дарбеҳаш гар бикунӣ, боз дарад. Раҳи мақсуд, раҳи фардоро Гар қариб оварӣ, ӯ дур барад.
ВОДАРЕҒО
(Дар сари гӯр) Чашми бахтат кӯр гашта, ҷойгоҳат гӯр гашта, Хонадон мотамсарову хокдон маъмур гашта. Водареғи рӯзгорат,
МАН ҒАРИҚАМ...
Ман ғариқам, Ду соҳили уммед – Он яке мекашад ба соҳили чап, В-он дигар мекашад ба соҳили рост.
ЗАМИНИ ЭЪТИҚОД
Яке дар кишвари арман замин ларзид. Яке дар кишвари армон замин ларзид. Замин ларзид. Ҷони соҳибони хешро балъид.
ТУ КУШТӢ ШОИРИ ҚОДИРСУХАНРО
Ту куштӣ шоири қодирсуханро, Ту куштӣ шуҳрату фахри Ватанро. Ту як сайёраро куштӣ, Ва ё як осмон истораро куштӣ.
ФИРЪАВНИ УСТУХОНӢ
Дорӣ ғурури хушке, дорӣ шуури хушке, Фиръавни нотавонӣ, фиръавни устухонӣ! Бо мардумон расидан, з-онон ғаме кашидан Номат наметавонад, ҳам худ наметавонӣ.
МАҚБАРА Ё МАСХАРА?
Дар маснади баҳор, дар афрози гулдара Бо «сабки ҳозира» Номурда, аз барои худ афрохтӣ баланд
БО НОМИ СТАЛИН
Сталин гӯяму ронам заминро, Замин то беҳ шавад, ман бинам инро. Лоҳутӣ Сталин гуфтаму рондам заминро,
ГӮРИ ДОНИШ ДАР КУҶОСТ
Эй шумо, маъмуру маъзурони таърихи Бухоро, Балки, эй кӯрони таърихи Бухоро, Дар куҷо буд гӯри Дониш? Дар куҷо хусбида ором он сари
ДАР БУХОРОЮ САМАРҚАНД
Дар Бухорои шариф чанде касиф Мактаби тоҷикиро дар бастаанд. Махзани тоҷикро дуздидаанд, Муҳраи тоҷикро бишкастаанд.
Касе, ки хост шоир бошад, аммо
Касе, ки хост шоир бошад, аммо Зи дасташ байти ғаррое наёмад, Ба безарфии худ қоим шуду рафт Аз ин савдои бесомон саломат,
Туро арвоҳ зад, арвоҳи Ленин зад,
Туро арвоҳ зад, арвоҳи Ленин зад, Ва ё арвоҳи арбобони дерин зад. Яқин, арвоҳи Ленин зад, Ки бо номаш қасам хӯрдӣ,
То туӣ, дар дили ман шӯру наво хоҳад буд,
То туӣ, дар дили ман шӯру наво хоҳад буд, Дар саропои ту дил бесарупо хоҳад буд. То ҷамоли ту чунин бахтнамо хоҳад буд, Зиндагиям ҳама пурнуру сафо хоҳад буд.
НИКОҲИ МАРГ
Ба зери гунбади гардон, Ба рағми дунии гардун Зи бахт рӯй магардон, Зи ишқ тавба макун,
РӮИ ОДАМҲО
Субҳи ман аз рӯи шамси Ховарон Хандарӯ бар рӯи олам медамад. «Рӯи олам дидан одам дидан аст»,1 Субҳи ман аз рӯи одам медамад.
ХОНАИ ШОИР
«Ҳамчунин ба ...(номҳои зиёде)... шоир Лоиқ Шералӣ ғайриқонунӣ хона додаанд...» Маҷаллаи «Огонёк» 14, 1987 Хонаи қонунӣ надорам ман,
ГАРДАНАИ АНЗОБ
Дар фарози ағбаи Анзоб биншастам даме чанд, Ёд кардам одаме чанд, оламе чанд. Ёд кардам он касонеро, ки дар пастӣ баланданд, Ҳам касонеро, ки бо сад камбаҳоӣ ар
ДАСТИ ХУД
Устоде доштам, ёдаш ба хайр! Устоди аввалини мактабӣ. Устоде, ки маро иршод кард Дар талоши ҳар муроду матлабе.

