ДАР БУХОРОЮ САМАРҚАНД
Дар Бухорои шариф чанде касиф
Мактаби тоҷикиро дар бастаанд.
Махзани тоҷикро дуздидаанд,
Муҳраи тоҷикро бишкастаанд.
Дар Самарқанди самарманд
Аз ғурури тоҷикӣ тарсидаанд,
Гардани таърихро бишкастаанд,
Синаи таърихро бибридаанд.
Дар Самарқанду Бухорои шариф бар тоҷикон
Дода бас асноди қалби зӯракӣ,
Бар ҷигаргоҳи нумӯи ориён
Захмҳо зад кордҳои зӯракӣ.
Дар Самарқанду Бухоро
Нӯш шуд дар коми тоҷик нештар.
Лаб фурӯ барбаста аз лафзи дарӣ,
Тоҷики дилреш шуд дилрештар.
Дар Бухорое, ки гуфта Мавлавӣ:
«Ин Бухоро манбаи дониш бувад»
Баъди Мавлоно чӣ гӯям, эй дареғ,
Ин Бухоро маншаи нолиш бувад...
Дар Самарқанди самархези адаб
Шеъри тоҷик камсамар шуд.
Мурдани тоҷик ин ҷо зиндагист,
Кохи тоҷик хоки дар шуд.
Дар Бухорое, ки аз дини араб
Рӯй баргардонда буда чор бор.
Гардани тоҷикро овехтанд
Дар замони Ҳуррият бар чор дор.
Дар Самарқанде, ки он ҷо Сӯзанӣ
Сӯзане дар чашми душман будааст,
Ин замон дар чашми сӯзан мондааст,
Гарчи бар тоҷик маъман будааст.
Дар Бухорое, ки он ҷо устоди Панҷрӯд
Мардуми чашмони худ гум кардааст.
Бо ҳама қурбонии молу манол,
Хешро қурбони мардум кардааст.
Ҳалқа чандон танг шуд, ки оқибат
Тоҷик аз тоҷик будан хаста шуд.