Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

РӮИ ОДАМҲО

Субҳи ман аз рӯи шамси Ховарон Хандарӯ бар рӯи олам медамад. «Рӯи олам дидан одам дидан аст»,1 Субҳи ман аз рӯи одам медамад. Хуб субҳе, гар бубинам рӯи хуб, Хубиҳои зиндагӣ ёрам шаванд. Зишт субҳе, гар бубинам рӯи зишт, Зиштиҳои зиндагӣ борам шаванд... ~ * ~ Субҳ бинам орази бишкуфтаро, Бишкуфад ҳар орзуи рӯзи ман. Чун бубинам чеҳраи болидаро, Бор орад ҷустуҷӯи рӯзи ман. Ғарқ гардам дар сафедиҳои рӯз, Гар бубинам рӯи чун дафтар сафед. Бигзарад рӯзам фарози абрҳо Бе ғубори ғам сафед андар сафед. Гар бубинам рӯи бедоғу гуноҳ, Рӯзи ман бедоғу оҳу бигзарад. Маҳлиқое рӯ ба рӯ ояд сабоҳ, Рӯзи ман дар чеҳраи ӯ бигзарад. ~ * ~ Қомати боло бубинам бениёз, Орзуҳоям ба боло сар кашанд. Ормонҳои тиҳиоғӯши ман Зиндагиро тӯ ба тӯ дар бар кашанд. Рӯи гармеро бубинам, дар дилам Гармӣ орад рӯи сарди зиндагӣ. Нест гӯӣ ҳеҷ фарди яхнафас, Нест гӯӣ ҳеҷ дарди зиндагӣ. Рӯи нуронӣ бубинам, хотирам Бартар аз хуршед нуронӣ шавад. Гӯиё бо нуриёнам ҳамнишин, Дар замирам нур арзонӣ шавад. Рӯи ширине бубинам, хуш насиб, Рӯзи ман аз талхӣ эмин бигзарад. Гӯиё ман шоҳи наҳлам2 комгор,