ТУ КУШТӢ ШОИРИ ҚОДИРСУХАНРО
Ту куштӣ шоири қодирсуханро,
Ту куштӣ шуҳрату фахри Ватанро.
Ту як сайёраро куштӣ,
Ва ё як осмон истораро куштӣ.
Ғалат кардам,
Накуштӣ ҷисми ӯро,
Ту куштӣ табъи модарзоди ӯро,
Ту куштӣ чашмаи эҷоди ӯро,
Чунон ки тифл дар заҳдони модар
мирад аз зарбат...
Ту куштӣ рӯҳи ӯро,
Рӯҳи мисли ҷангали анбӯҳи ӯро,
К-аз ӯ акнун замини холие монда пур аз кунда,
Ки ҳар кунда ба сони захми ҷони ӯст
ва ё бибрида монанди забони ӯст.
Сухан кард ӯ замоне аз заминларза,
Ту ӯро муттаҳам кардӣ: «Худоё,
Замини Шӯравӣ меларзад оё?
Яқинан, маркази ларза диёри берун аз марз аст,
Ки аз беғоявият мардумаш чун бар ясору
бар ямин
ҳар лаҳза мелағжад,
Заминаш низ меларзад...»
Замоне ӯ зи ожанги ҷабини пирзан
шеъре бигуфт.
Алъон варо хондӣ ба пеши хеш ҳамчун
довари даврон:
«Магар кампири Шӯро бар ҷабин ожанг
ҳам дорад?
Чӣ кам дорад,
Ки ин сон дарду ғам дорад?»
Навишт ӯ шеъраке аз сардии хона,
Ту ӯро пеш хондӣ омирона:
«Агар сард аст хона-т, бо ҳама тадбир
Бирав дар офтоби комунизм гарм шав, шоир!»
Вале ӯ рӯи гармиро надид, афсӯс,
Ва ҳам дар хонаи худ н-орамид, афсӯс.
Ҳам аз сардии кошона,