Дар баҳори сабз мисли рӯи ту
Дар баҳори сабз мисли рӯи ту
Рӯзи ҷашни шоири машҳур буд,
Ман туро дидам чу шеъри тозае,
Чашмҳои душманонам кӯр буд.
Ман туро дидам, ки мебинӣ маро
Дар миёни он ҳама нодиданӣ.
Ман туро дидам, ки мебахшӣ маро
Он чӣ дорӣ аз ҳама бахшиданӣ...